
Дар ташкилоти ибтидоии “Бунёди роҳ” бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Гулаҳмадзода Зулфиқор маҷлиси ҳизбӣ доир гардид. Сароғоз раиси ташкилот -Валиҷон Махсумов маҷлисро ифтитоҳ намуда, муҳтавои маҷлиси ҳизбиро ба аҳли нишаст баён намуд. Сипас Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад оид ба фаъолияти созандаву доманадори ҲХДТ ва сиёсати инсонмеҳваронаи Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нутқ кард. Зикр дошт, ки ҲХДТ дар тули фаъолияти худ дар кишвар ба сифати як ҳизби пешоҳанги ҷомеа масъулияти олии ватансозиро бар зимма дошта, бо ҷалби ҳама аъзо ва ҷонибдоронаш идеологияи миллиро бунёд ва тарғиб менамояд.
Дар доираи амалии Барномаи ҲХДТ самтҳои муҳими хоҷагии халқи кишвар рушд ёфта, сатҳи некуаҳолии мардум боло рафтаистодааст. Дар бахши иҷтимоии барномаи мазкур тарбияи ватанпарастӣ, худогоҳии миллӣ тақвият бахшида шуда, арзишҳои миллӣ, манфиатҳои давлату миллат ва якпорчагии сарзамин ҳифз карда мешавад. ҲХДТ ба ҳайси як ҳизби сиёсӣ дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷомеаи кишварро ба корҳои созандагию бунёкорӣ, ватанпарастӣ ва дастгирию ҳамовозӣ аз сиёсати созандаи давлату Ҳукумати мамлакат ҷалб, тарбия ва ҳидоят менамояд.
Дар ин росто Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бо ҷалби ҳама аъзо ва ҷонибдоронаш дар созандагию ободонии пойтахт, омодагӣ ва баргузории чорабиниҳои сиёсии ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дастгирии сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти созгорро сомон додааст.
Дар идома Вализода Муҳаммад — роҷеъ ба таҳким ва тарғиби идеологияи миллӣ дар ҷомеа ва дар ниҳоди насли ҷавон, ҳифзи идеологияи солими миллӣ, пешгирии гароиш ба фарҳанги бегона ва идеологияи тахрибкорона, падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳимояи амнияту субботи сартосарӣ дар кишвар ва якпорчагии сарзамин, баланд бардоштани иродаи сиёсии халқ нутқ кард. Таъкид шуд, ки ба хотири таъмини амнияти миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, ифротгароӣ, терроризм, вуруди идеологияи тахрибкор ва ҷараёну равияҳои тафриқаангез ҷомеаи кишвар ва ҲХДТ мубориза бурда, дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ саҳми хешро мегузорад.
Сипас як гурӯҳ ҷавононе, ки иродаи сиёсии худро муайян карда, ба сафи ҲХДТ қабул шуданд, дар лаҳзаи тантанавӣ ба онҳо шаҳодатномаҳои ҲХДТ дода шуд ва фаъолон бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардиданд.
Дар интиҳо Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор аз ҳолати ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, фаъолияти сиёсии ташкилот, корбарию коргузорӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, танзими ҳаракати аъзои ҳизб ва дигар масоили дохилиҳизбӣ боздид намуда, ба масъулин дастуру тавсияҳои пешниҳод намуд.