Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
МИЗИ МУДАВВАР ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН — HHDT

МИЗИ МУДАВВАР ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Тибқи барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ санаи 22 октябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону духтарон ва тарғиби қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар вохӯрии имрӯза Аҳмадзода Зулфия Кабир-Ноиби ректор оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеа дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сулаймони Парвина- Вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Ҷурахонзода Ҷумахон-муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Ҳомидзода Насим-мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Худойдодова Фарзона-намоянда аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарипова Лайло- мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Исмоили Сомонӣ. Суханро Ҷурахонзода Ҷумахон-муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ намуда, чунин қайд кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба масъалаи занону бонувон ва духтарони соҳибмаърифату болаёқат дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҳамчун нерӯи тавоно ва пешбаранда таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои беҳтар намудани фаъолияти созмонҳои ҷамъиятии онҳо диққати махсус зоҳир карда мешавад. Сипас Худойдодова Фарзона маърӯзаи худро дар мавзӯи нақши занон дар даврони Истиқлолият қироат намуда, қайд намуд, ки боиси хушнудист, ки дар бунёди ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба маърифати занону духтарон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад.Инчунин Парвина Сулаймони қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои аввалин баъд аз пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки ба масъалаи гендерӣ ва нақши занон дар сиёсати давлатдорӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуд. Дар давоми баромади худ ӯ аз донишҷӯён фикру андешаҳои онҳоро нисбати масъалаи доғи ҷомеа “ҷудошавии оилаҳои ҷавон” ва роҳҳои пешгирӣ кардани онро, шунида ба саволҳои иштирокчиён посух дод.Сипас Ҳомидзода Насимҷон қайд намуд, ки масъалаи маърифатнокии занону духтарон дар миёни аксар халқияту миллатҳои ҷаҳон аз масоили ҳалталабу мавриди таваҷҷуҳ ба шумор рафта, боиси нигаронии аҳли илму адаб низ гаштааст. Дар охири баромади худ Аҳмадзода Зулфия миннатдории раёсати Академияро ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои судманд баён намуда, қайд намуд, ки Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти он нисбати ин мушкилиҳои доғи ҷомеа бе тараф набуда, Шурои занони Академияро таъсис додаанд, ки тибқи нақша бо устодон ва донишҷӯдухтарон вохуриҳои судмандро доир менамоянд.Дар фарҷом иштирокчиён аз ҷониби меҳмонон ба саволҳои худ ҷавобҳои аниқу дақиқ гирифтанд. Сипас аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба фаъалони вохӯрӣ ифтихорномаю сипоснома тақдим намуданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028