Дар доираи ибтикороти Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бобати ба шаҳри гулҳо табдил дода пойтахт санаи 23 октябри соли ҷорӣ ҳайъати кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ба шанбегии дастаҷамъона баромада, дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Алишери Навоӣ корҳои тозагию ободонӣ анҷом доданд.
Роҳрав ва гулгаштҳо, майдонҳои сабзпуши махмалинро аз баргрези хазонҳо тозаву озода карданд. Баргҳои хазонрехтаро рубучин карда, гулҳои муаттару зебои боғи мазкурро тозаву озода намуданд.
Инчунин, дар боғи зикрёфта ҳайъати фаъолон ва ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии “Зиддиинҳисорӣ” низ ба корҳои ободонию созандагӣ баромада, дар тозаву озода нигоҳдоштани боғу гулгаштҳо саҳми худро гузоштанд.