
21-октябри соли 2021 Конференсияи XXХII ғайринавбатии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе-Мирзозода Иброҳим, Ширинбеков Садриддин-мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ, Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон-Неъматзода Маликшо, Раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони ноҳияи Шоҳмансур-Каримзода Матлуба, вакилон аз ҳамаи кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ, намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва хабарнигорону рӯзноманигорон иштирок намуданд. Дар кори Конференсия оид ба пешбарии номзадҳо ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №8 номзадии Бобозода Ҳокимшоҳ Ҷурахон ва ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур аз ҳавзаи интихоботии №8 номзадии Одиназода Латофат Амиршоҳ аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешбарӣ гардида қарорҳои дахлдор тасдиқ гардид. Ҳамзамон масъалаи ворид намудани тағйирот ба ҳайати Комиссияи тафтишотии ташкилотњои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур дар кори Конференсияи низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Зимни суханронии хуб баромадкунандагон роҷеъ ба таҳкими давлатдории миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ андешрони намуданд. Зикр шуд, ки тарғибу татбиқи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Роҳбарияти олии мамлакат, тарғиби идеологияи миллӣ, ҳимояи арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ дар шароити мураккабу душвори ҷаҳони муосир ва равандҳои пуртазоди сиёсӣ, садоқат ба миллат, Ватан ва Президенти кишвар, дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати созандаву муваффақи Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тарғиби фарҳанг, мероси пурғановати ниёгон рисолати ҳар як узви ҷомеа ва ба хусус узви ҲХДТ мебошад.Таъкид шуд, ки вусъат бахшидани субботи сиёсӣ ва таҳкими амнияти давлатдорӣ мароми ҳар як узви ҲХДТ мебошад. Ва ба ин васила мо бояд дар умури сиёсии давлат нақши созгор гузошта, нақшаҳои муҳими сиёсии дар пеш истодаро бо масъулияти баланди сиёсии ҳизбӣ муваффақона анҷом бахшем. Аз вакилони Конференсия даъват ба амал оварда шуд, ки дар вусъат бахшидани масъалаҳои дохилиҳизбӣ, тарбияи ахлоқӣ ва ватандӯстии насли ҷавон, баланд бардоштани иродаи сиёсии мардум, дастгирии сиёсати мардумсолории Пешвои миллат ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ нақши созгор дошта бошанд. Конференсияи XXХII ғайринавбатии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои пешбинигардида қарорҳои дахлдор қабул кард. Дар интиҳо як қатор фаъолон бо сипосномаҳои ҲХДТ, ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардиданд.