Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
ВОХӮРӢ БО ЗАНОН ВА ДОНИШҶӮДУХТАРОН — HHDT

ВОХӮРӢ БО ЗАНОН ВА ДОНИШҶӮДУХТАРОН

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону духтарон ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила», пешгирии пошхурии хонаводаҳо, тарбияи комили насли ҷадид, таблиғу ташвиқ ва амалигардонии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дирӯз дар Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода вохӯрӣ доир намуд.Дар вохӯрӣ Қурбонзода У.М. – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Каримова А.О. – муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Ҳомидзода Н.Ҳ – мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Шарифзода С. — судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Раҷабзода М. – намояндаи САҲШ-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Наимзода Д.Н. — муовини ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода оид ба корҳои тарбиявӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028