Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Оғози сохтмони варзишгоҳ ва майдони Парчами давлатӣ дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик — HHDT

Оғози сохтмони варзишгоҳ ва майдони Парчами давлатӣ дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик

21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Темурмалик, дар маркази деҳоти Кангурт ҳамчунин ба корҳои сохтмонии Варзишгоҳ ва майдони Парчами давлатӣ оғоз бахшиданд.Зимни муаррифии лоиҳаи сохтмони Варзишгоҳ ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур бо дарназардошти талаботи имрӯза бунёд гардида, барои 5000 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.Варзишгоҳ дар майдони наздики 13 ҳазор метри мураббаъ доман густурда, аз ҷониби Дирексияи сохтмони ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд. Иншоот аз ду минбар — ғарбӣ ва шарқӣ иборат мебошад.Ҳамчунин варзишгоҳ аз ҳуҷраҳои мураббӣ, назоратчӣ, ҷойи либосивазкунӣ, назорати допингӣ, нуқтаи тиббӣ, техникӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, мувофиқи нақша дар муҳлати кӯтоҳ бунёд хоҳад шуд.Аснои шиносоии лоиҳаи иншоот Пешвои муаззами миллат ба сохтмончиён дастур доданд, ки ба раванди корҳои бунёдӣ диққати ҷиддӣ дода, аз масолеҳи сохтмонии навъи аъло истифода намоянд, то ин ки варзишгоҳ солҳои дароз ба мардум хизмат расонад.Ҳангоми муаррифии Майдони Парчами давлатӣ, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Темурмалик бунёд мегардад, ба Пешвои миллат муҳарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ин иншоот бо риояи талаботи муосири меъморӣ сохта шуда, дар рафти корҳои бунёдӣ сохтмончиёни маҳаллӣ ҷалб хоҳанд шуд.Парчами давлатӣ дар масоҳати умумии 40 садяк замин сохта шуда, баландиаш бо инобати сутунпоя 40 метрро ташкил медиҳад. Андозаи матои Парчам бошад, 14 ба 7 метр аст.Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди Парчами давлатиро дар маркази деҳоти Кангурт нишонаи арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ хонда, қомат афрохтани онро дар тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ муҳим маъдидод намуданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028