Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Ифтитоҳи корхонаи коркарди шир дар деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Данғара — HHDT

Ифтитоҳи корхонаи коркарди шир дар деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Данғара

21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Исмат Шарифи ноҳияи Данғара корхонаи коркарди “Шири Хуррамзамин”-ро ифтитоҳ бахшиданд.Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо фаъолияти кории хатҳои истеҳсолӣ дар коргоҳи коркарди шир, ки бо истифода аз технологияи муосир якчанд намуди маҳсулот истеҳсол мекунад, шинос шуданд.Иттилоъ дода шуд, ки барои таъмини бехатарӣ ва бо сифати баланд пешниҳод намудани маҳсулоти тайёр ба аҳолӣ нахуст махсулоти ширї дар ташхисгоҳи корхона, ки дорои дастгоҳҳои махсус мебошад санҷида мешавад.Корхонаи коркарди “Шири Хуррамзамин” дар доираи тадбирҳои созандагӣ бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Саидакбар Сидиқов дар ҳамкори бо Ҷамъияти саҳомии пушидаи комбинати “Шири Душанбе” ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ сохта шуда, дар он 30 нафар сокини деҳаи Хуррамзамини деҳоти Исмат Шариф бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд.Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз коркарди 5 тонна шир мебошад.Дар қисми дигари корхона ҳамзамон коргоҳҳои хурди истењсоли панир ва яхмос бунёд гардидааст, ки дар ин ҷо ҳамарӯза то 2,5 тонна шир коркард мешавад.Дар коргоҳњои мазкур 10 нафар сокини маҳаллӣ баъд аз омӯзиши нозукиҳои технологияи муосир соҳиби ҷойи кор гардиданд. Раванди истеҳсолот дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шири Хуррамзамин” тариқи автоматӣ ба роҳ монда шудааст ва коргарону мутахассисон бештар ҳангоми истеҳсол ба сифат ва тамъи маҳсулот аҳамият медиҳанд.Маҳсулоти асосӣ — шир тавассути мошинҳои махсус аз хоҷагиҳои чорводорӣ ва сокинони ҳудуди ноҳияи Данғара ҷамъоварӣ ва ба корхона дастрас карда мешавад.Дар корхона барои нигоҳдории маҳсулот 3 сардхона ва як гармхона бунёд гардидааст.Дар саҳни корхонаи навтаъсис ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи маҳсулоти истеҳсолгардидаи корхона муаррифӣ гардид.Бо истифода аз технологияи муосир, ки аз кишварҳои пешрафтаи дунё ворид ва насб гардидааст маҳсулоти тайёр аз ҷумла сметана, қаймоқ, ҷурғот, панир, дуғоб, творог, яхмос, ки маҷмуан беш аз 50 намуди маҳсулотро ташкил медиҳад, истеҳсол гардида, сифатнокии он кафолат дода мешавад.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028