Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
фтитоҳи бинои маъмурии деҳоти ба номи Исмат Шариф дар ноҳияи Данғара — HHDT

фтитоҳи бинои маъмурии деҳоти ба номи Исмат Шариф дар ноҳияи Данғара

И21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғараро мавриди истифода қарор доданд. Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳу намои муосир ва санъати баланди меъмории миллӣ бунёд гардидааст.Бинои маъмурии деҳоти ба номи Исмат Шариф дорои 11 ҳуҷраи кории муҷаҳҳаз бо мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ буда, дар он китобхона ва толори маҷлис бо 70 ҷои нишаст мавҷуд мебошад.Китобхона бо зиёда аз 2 ҳазор китоби бадеиву соҳавӣ таъмин буда, дар он барои ҳаводорони каломи бадеъ имконияти васеъ муҳайё мебошад.Дар ҳуҷраҳои корӣ шароити мусоиди фаъолият барои кормандон фароҳам буда, бо техникаи муосири компютерӣ таъмин карда шудааст. Сохтмони бинои маъмурии деҳоти ба номи Исмат Шариф соли 2020 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ бо саҳми соҳибкор Саидакбар Султонзода бо сифати баланд бунёд гардидааст.Аснои шиносоӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шароити фароҳамгардида дар бинои маъмурии деҳоти ба номи Исмат Шариф баҳои баланд доданд.Саҳн ва атрофи бинои маъмурии деҳоти ба номи Исмат Шариф бо шинонидани ниҳоли дарахтони сояафкану ҳамешасабз, гулу буттаҳои нодири ороишӣ, навсозии роҳравҳо ва насби 20 сутунпояи чароғ ободу зебо гардидааст.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028