Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Ифтитоҳи Маркази фарҳангӣ дар деҳаи Хуррамзамини деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара — HHDT

Ифтитоҳи Маркази фарҳангӣ дар деҳаи Хуррамзамини деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара

21 октябр дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Исмат Шариф Маркази фарҳангии деҳаи Хуррамзаминро баъди азнавсозӣ ба истифода доданд.Иншооти мазкур солҳои 50-уми асри гузашта бунёд ёфта, дар ҳолати садамавӣ қарор дошт.Дар партави сиёсати созандаву бунёдкорона ва ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳангии деҳаи Хуррамзамин аз ҷониби соҳибкор Суҳроб Таваралиев бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба замони муосир навсозӣ карда шуд.Маркази фарҳангии деҳаи Хуррамзамин аз ду ошёна иборат буда, дорои 220 ҷои нишаст мебошад, ки дар он барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун шароити мусоиди хизматрасонӣ фароҳам аст.Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми фаъолонаи соҳибкори маҳаллиро дар вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва навсозии иншооти фарҳангӣ нишонаи баланди ватандӯстӣ ва ҷонибдорӣ аз сиëсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати мамлакат арзёбӣ карданд.Саҳн ва атрофи Маркази фарҳангии деҳаи Хуррамзамин чароғон ва сабзу хуррам карда шуда, ин ҷо ба як макони ободу зебо табдил ёфтааст.Дар Маркази фарҳангӣ, ки дорои толори кушоду барҳавои замонавӣ аст, минбаъд барои баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ ва ҷамъомадҳо имконияти васеъ фароҳам аст.Ба кормандони Маркази фарҳангии деҳаи Хуррамзамин аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созҳои мусиқӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти тақвияти овоз тақдим гардид.Солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар раванди босуръату бесобиқаи корҳои ободонию созандагӣ бо бунёду навсозии иншооти наву замонавии таъиноти гуногун деҳоти ба номи Исмат Шариф ободу зебо гардида, барои сокинон шароити арзандаи кору хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028