Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Ба истифода додани майдони варзишӣ дар деҳоти Исмат Шарифи ноҳияи Данғара — HHDT

Ба истифода додани майдони варзишӣ дар деҳоти Исмат Шарифи ноҳияи Данғара

21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Хуррамзамини деҳоти Исмат Шарифи ноҳияи Данғара майдони варзиширо, ки барои 2500 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.Майдони умумии варзишгоҳ ду гектарро ташкил намуда, иншоот дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайëҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Миралӣ Мирзоев мутобиқ ба меъëрҳои муосири сохтмонӣ бунëд карда шудааст.Масоҳати майдон барои бозии футбол бо андозаи 102 метр бар 70 метр буда, пурра майсазор карда шудааст.Ҳамчунин дар атрофи майдон имкони мусоид баҳри ба варзиши сабук машғул гаштани сокинон фароҳам мебошад.Дар ошëнаи якуми иншоот ҳуҷра барои кормандон, варзишгарон, мураббиëн, назорати допингӣ, таҷҳизоти варзишӣ, техникӣ, либосивазкунӣ, ошхона ва ғайра ҷойгир аст.Дар ошëнаи дуюм ҳуҷра барои меҳмонон, истироҳат, ҳуҷраҳои санитарӣ, толори сақобозӣ ва варзишӣ сохта шудааст.Варзишгоҳ аз ду минбари нишастгоҳ ва макони махсус барои меҳмонони олиқадр иборат мебошад.Атрофи бино ободу зебо гардонида шуда, ҳамзамон гулу буттаҳои мавсимӣ ва ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонида шудааст.Соҳибкори ватанӣ дар доираи тадбирҳои ободонӣ дар шафати майдони варзишӣ қаҳвахона бунëд намудааст.Дар заминаи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бо шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ пас аз ифтитоҳи иншооти навбунëд беш аз 10 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028