
Дар ташкилоти ибтидоии “Донишвар”-и Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова бо ишитироки гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бо ҷалби бонувону донишҷӯдухтарон ва омӯзгорони коллеҷи мазкур ҳамоиш баргузор гардид. Дар ҳамоиши зикрёфта масъулин оид ба масоили набзи ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону бонувон, маърифати оиладорӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, зуроварӣ дар оила, тарбияи худогоҳию ватанпарастии ҷавонон, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила” ва тарғиби идеологияи миллӣ суханронӣ намуданд.