
НКумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону духтарон ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила», пешгирии пошхурии хонаводаҳо, тарбияи комили насли ҷадид, таблиғу ташвиқ ва амалигардонии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» имрӯз дар Донишкадаи тиббӣ — иҷтимоии Тоҷикистон вохӯрӣ доир намуд.Дар вохӯрӣ Қурбонзода У.М. – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Давлатзода Ҳангома – мудири шуъбаи умумии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Шарифзода С. — Судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Раҳмон Г.Қ. – мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Мирова Ш.М.- муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.