Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
ТАЪСИСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ ГИМНАЗИЯИ №4 БАРОИ ХОНАНДАГОНИ БОЛАЁҚАТИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ — HHDT

ТАЪСИСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ ГИМНАЗИЯИ №4 БАРОИ ХОНАНДАГОНИ БОЛАЁҚАТИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Санаи 20-уми соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии таълимии Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Маҷлиси муассисони Муассисаи давлатии таълимии Гимназияи №4 бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ — Абдураҳим Шоҳиён, роҳбари муассисаи давлатии таълимии Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе — Назира Назарова ва коллективи омӯзгорони муассиса баргузор гардид.Бо садо додани Суруди миллӣ аввалин маҷлиси муассисони Муассисаи давлатии таълимии Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе оғоз ёфт.Назира Назарова роҳбари муассиса ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуда, аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома “Оиди таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар Муассисаи давлатии таълимии Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе” бо тариқи райъи омӯзгорон ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуд.Тибқи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлиси муассисон “ Дар бораи номгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ” бо пешниҳод ва ҷонибдории ҳайати омӯзгорон номи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Файзи Истиқлол” номгузорӣ карда шуд.Вобаста ба масъалаҳои дигари рӯзнома интихоби раис ва муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Файзи Истиқлол” қарорҳои дахлдор қабул гардида, Назарова Назира Санговна раис ва Раҳмонзода Сафаралӣ Хурсанд муовини раиси ташкилот интихоб гардиданд.Абдураҳим Шоҳиён вобаста ба амалӣ гардонидани ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, баланд бардоштани нуфузи ҲХДТ дар ҷомеа, танзими ҳаракати аъзои ҳизб, ба манфиат истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ, ки имрӯзҳо иттилоот ба қудрати муассир табдил ёфтааст, мо уҳдадорем фазои иттилоотии ҷумҳуриро бо маълумоти дурусту саҳеҳ пурра гардонем. Бахусус, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ба минбари асосии бархӯрдҳои идеологӣ мубаддал гардидааст, аз арзишҳои миллии худ дифоъ созем. Ормонҳои созандаи ҲХДТ-ро васеъ тарғиб намуда, дар самти иттиҳоду ҳамфикрӣ талош варзем. Зеро ин амал, кафолати таъмини сулҳу субот, пешрафту тараққиёт ва минбаъд вусъат пайдо намудани корҳои созандагӣ мебошад».Тибқи талаботи Қонуни “Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бораи ҳизбҳои сиёсӣ” дар ҳудуди маҳаллаи Мушфиқии ноҳияи Фирдавсӣ утоқи кории Ташкилоти ибтидоии “ФайзиИстиқлол” ҷойгир карда шуд.Дар охири маҷлис нафароне, ки ба сафи аъзои ҲХДТ шомил шуданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028