Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Таъмиру азнавсозии Боғчаи кӯдаконаи “Бону” дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик — HHDT

Таъмиру азнавсозии Боғчаи кӯдаконаи “Бону” дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик

21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик ҳамчунин баъд аз таъмиру азнавсозӣ Боғчаи кӯдаконаи “Бону”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.Иншооти мазкур ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати баланд бардоштани сатҳи донишомӯзӣ ва маърифатнокии насли наврас мавриди таҷдид қарор гирифта, ба истифода дода шуд.Таъмиру азнавсозии Кӯдакистони “Бону” дар деҳоти Кангурт аз тарафи соҳибкор Акбар Асадулло сурат гирифта, барои таҷдиду муҷаҳҳазгардонии муассисаи томактабӣ зиёда аз 3,5 миллион сомонӣ сарф гардидааст.Мавриди зикр аст, ки Кӯдакистон дар деҳоти Кангурт ҳанӯз соли 1985 сохта шуда, дар давоми солҳои фаъолияташ боре ҳам таъмири ҷиддӣ нашуда буд ва бино дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Акнун дар доираи ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат кӯдакони ин ҷамоат ҳам соҳиби боғчаи зебо шуданд.Боғчаи кӯдаконаи “Бону” аз 2 ошёна иборат буда, дар он имконияти фарогирии то 200 кӯдак ба таълим ва тарбия мавҷуд мебошад. Барои тарбияи атфол 5 мураббӣ ҷалб шудааст.Давоми корҳои сохтмонӣ ҳамаи ҳуҷраҳои бино аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо рахтҳои наву замонавӣ, мизу ҷевон, бозичаҳо барои кӯдакон ва ошхона бо тамоми лавозимот ва дигар ашёи зарурӣ таъмин карда шудааст.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028