Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
ИДОМАИ СУҲБАТУ ВОХӮРИҲОИ СУДМАНД ДАР НОҲИЯИ И.СОМОНӢ — HHDT

ИДОМАИ СУҲБАТУ ВОХӮРИҲОИ СУДМАНД ДАР НОҲИЯИ И.СОМОНӢ

Тибқи барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дирӯз дар Донишгоҳи тибии Тоҷикистон ба номи А.Сино суҳбату вохӯрӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону духтарон ва тарғиби қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар вохӯрии имрӯза Муродзода Фурқат мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Шарипова Лайло мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳия, Абдураҳмонов Зевар-мудири шуъбаи таълим дар ДДТТ ба номи А.Сино, Худойдодова Фарзона-намоянда аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳомидзода Насимҷон- мудири шуъбаи ҷавонони КИҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Фирдавсова Гуландом-ёрдамчии судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодону донишҷуёни донишгоҳ иштирок доштанд.

Муродзода Фурқат вохӯриро ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба масъалаи занону бонувон ва духтарони соҳибмаърифату болаёқат ва корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҳамчун нерӯи тавоно ва пешбаранда таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои беҳтар намудани фаъолияти созмонҳои ҷамъиятии онҳо диққати махсус зоҳир менамояд.

Сипас Фирдавсова Гуландом маърӯзаи худро дар бораи баробарии гендерӣ қироат намуда, қайд намуд, ки нисбати солҳои гузашта имрӯзҳо шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон ва бонувон зиёдтар мебошад.

Инчунин Худойдодова Фарзона маърӯзаи худро дар мавзӯи “Нақши занон дар даврони Истиқлолият” қироат намуда, қайд намуд, ки боиси хушнудист, ки дар бунёди ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба маърифати занону духтарон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад.

Сипас Ҳомидзода Насимҷон қайд намуд, ки масъалаи маърифатнокии занону духтарон дар миёни аксар халқияту миллатҳои ҷаҳон аз масоили ҳалталабу мавриди таваҷҷуҳ ба шумор рафта, боиси нигаронии аҳли илму адаб низ гаштааст.

Дар фарҷом миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт. Ҳамзамон, аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба фаъалони чорабинӣ сипоснома тақдим гардид.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028