
19-уми октябри соли ҷорӣ дар толори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ доир гардид, ки дар он Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ — Абдураҳим Шоҳиён, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе — Ҷурабек Муродов, Роҳбари дастгоҳи МИҲД-и ноҳияи Фирдавсӣ — Саидакбар Самадзода, аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ иштирок намуданд.
Маҷлисро Абдураҳим Шоҳиён ифтитоҳ намуда, рӯзномаи онро ба иштирокчиён шинос намуд. Тибқи қарори дахлдори Маҷлис ҷиҳати пешниҳод намудани номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳавзаи интихоботии шаҳрии №58 бар ивази вакили хориҷшуда аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Конференсияи XXXIII ғайринавбатии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ даъват карда шуд, ки санаи 22-юми октябри соли ҷорӣ баргузор мегардад. Дар иртибот ба масъалаи мазкур қарори Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум аз 29-уми сентябри соли ҷорӣ ҷиҳати пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳавзаи интихоботии №58 оид ба интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ба тавсиб расида буд.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома “Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба ҳайати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ” Сироҷова Шаҳло Хайруллоевна — раиси ташкилоти ибтидоии “Дӯзанда”, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ ва Машрабов Абдураҳмон Ибодуллоевич — раиси ташкилоти ибтидоии “Корвон”, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ ба аъзогии Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ интихоб гардиданд.
Вобаста ба масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдори Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб қабул гардида, таъкид гардид, ки масъулин ва вакилони ҳизбиро зарур аст, ки ҷиҳати тавсеа бахшидани корҳои таблиғотӣ оид ба масъалаҳои тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон ва даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, иштирок дар корҳои ободонию тозагии маҳал ва шинонидани гулҳои садбарг, дар пайваст намудани хонаҳои истиқоматии оилаҳои камбизоат ба шабакаи ягонаи гармидиҳӣ саҳмгузор бошанд.