Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Ба қонунҳо «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи ветеранҳо» тағйиру иловаҳо ворид шуданд — HHDT

Ба қонунҳо «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи ветеранҳо» тағйиру иловаҳо ворид шуданд

Имрӯз ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Парлумони мамлакат.

Вакилон дар иҷлосия лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Лоиҳаҳои қонунҳои мазкурро масъулини соҳа-Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, вакилони Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабзода, Музаффарҷон Маҳмудзода, Баҳриддин Зиёӣ, Гулбаҳор Ашурзода ва Солеҳа Холмаҳмадзода муаррифӣ намуданд.

Дар интиҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028