Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТҶҶ «СОЗАНДАГОНИ ВАТАН» БО «ГВАРДИЯИ ҶАВОН»-И «ЕДИНАЯ РОССИЯ» — HHDT

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТҶҶ «СОЗАНДАГОНИ ВАТАН» БО «ГВАРДИЯИ ҶАВОН»-И «ЕДИНАЯ РОССИЯ»

Раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан» Оятулло Аҳмадзода ва роҳбари қабулгоҳи ҷамъиятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва Саидбек Мирзомиддинов аз қароргоҳи марказии ташкилоти ҷамъияти ҷавонон «Гвардияи ҷавон» («Молодая Гвардия») дидан намуданд.Аснои боздид раиси Шӯрои ҳамоҳангсози «Гвардияи ҷавон» Денис Давидов ба Раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» Оятулло Аҳмадзода роҷеъ ба лоиҳаҳо ва самтҳои афзалиятдоштаи фаъолияти ташкилот маълумоти муфассал дод. Намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар навбати худ самтҳои кунунии ҳамкории байниҳизбиро муаррифӣ намуданд.Аз ҷумла, таъкид гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рўзҳои аввали таъсисёбии худ ба масъалаи ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Ин аст, ки яке аз самтҳои асосии Барномаҳои ҳизбро сиёсати бунёдкоронаи он масъалаи кор бо ҷавонон ташкил медиҳад. Дар ин замина, бо мақсади татбиқи бандҳои барномавии ҳизбӣ, ҳанўз 20 апрели соли 2011 бо иштироки Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ дар мавзуи «Нақши ҷавонон дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва масъулияти онҳо барои устувор гардонидани мавқеъ ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» доир гардид, ки зимни баргузории он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси ниҳоди алоҳидаи кор бо ҷавонон дар назди ҳизб бо номи «Созандагони Ватан» дастур доданд.- Соли ҷорӣ мо 10-солагии ташкилотро таҷлил менамоем, — гуфт О.Аҳмадзода. — Муддати фаъолияти начандон тўлонии худ созмони ҷавонони ҳизб «Созандагони Ватан» тавонист дар самти тарбияи ватандўстии ҷавонон, таҳкими дўстию рафоқат миёни онҳо, тарѓиби худшиносии миллӣ, огоҳ сохтани ҷавонон аз дастовардҳои давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ, зина ба зина расидани кишвар ба истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии кишвар корҳои назаррасеро ба анҷом расонад.Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳоло фурсате фаро расидааст, ки сиёсати мо дар самти кор бо ҷавонон ба тарзу услубҳои наву мусоир таҳия шавад, роҳҳои самарабахши татбиқи он дар ҳамкорӣ бо дигар иттиҳодияҳои ҷаъмиятии ҷавонон дар дохил ва хориҷи мамлакат дар доираи манфиатҳои миллӣ амалӣ гашта, дар ин замина, механизмҳои татбиқи сиёсати ҷавонон вобаста ба талаботи замон такмил дода шавад.Иштирокчиён стратегияҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ, механизми таҷрибаомӯзии кадрҳои ҷавони ҳизбӣ, инчунин таҳияи нақшаи амалҳоро барои солҳои 2022-2024 баррасӣ намуданд. Бо имзои протоколи вохўрӣ мулоқот ҷамъбаст гардид.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028