
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар доираи нақшачорабиниҳои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону духтарон ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила барои солҳои 2014 – 2023”, пешгирии пошхӯрии хонаводаҳо ва тарбияи нокомили насли ҷадид, таблиғу ташвиқ ва амалигардонии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, терроризму экстремизм, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пос доштани марзу буми Ватан, ҳидоят намудани ҷавонон ба корҳои ободониву созандагӣ ва самараноку мақсаднок истифода намудани майдончаҳои варзишӣ санаи 19 октябри соли 2021 дар толори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур суҳбату вохӯрии судманд бо наврасону ҷавонон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Муродзода Фурқат- мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Шарипова Лайло- мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Олимов Муҳаммад- мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Мирзоев Бобо- муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Заргар” ва устодону донишҷуёни донишгоҳ иштирок доштанд.
Муродзода Фурқат ба сухан баромада, қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба масъалаи занону бонувон ва духтарони соҳибмаърифату болаёқат ва корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҳамчун нерӯи тавоно ва пешбаранда таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои беҳтар намудани фаъолияти созмонҳои ҷамъиятии онҳо диққати махсус зоҳир менамояд.
Дар фарҷом иштирокчиён аз ҷониби меҳмонон ба саволҳои худ ҷавобҳои амиқу дақиқ гирифтанд.