
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону духтарон ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила», пешгирии пошхурии хонаводаҳо, тарбияи комили насли ҷадид, таблиғу ташвиқ ва амалигардонии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» имрӯз дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода мизи мудаввар доир намуд.Дар кори мизи мудаввар Файзуллозода З.Ф. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Каримова А.О. – муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Ҳомидзода Н.Ҳ. – мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Гулназарзода Ж.Б. – Ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода, Шарифзода С. — Судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Раҳмон Г.Қ. – мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.