
Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кумитаҳои ҳизбии ноҳияҳои пойтахт мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯйи намуди футбол миёни дастаҳои маҳаллаҳо ташкил ва баргузор гардида истодааст.
Дар ин росто санаи 3 августи соли ҷорӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ мусобиқаи футболи хурд миёни дастаҳои “Дарвоз” ва “Гулбута 1” баргузор гардид.
Дар оғози мусобиқа намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ суханронӣ намуда, худ афзуд, ки мусобиқаи зикршуда барои дарёфти Ҷоми ҲХДТ дар доираи чорабиниҳои варзишии бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад ва ғолибону фаъолон бо туҳфаҳои таъсиснамудаи кумитаи тадорукот қадрдонӣ мешаванд.
Мусобиқа ба ҳисоби 9:8 дастаи «Дарвох» ғолибиятро ба даст овард.
Чорабинии мазкур бо як шукуҳу шаҳомати хосса аз ҷониби бозингарон ва мухлисон истиқбол гирифта шуд.
Чунин мусобиқаҳо пайваста дар варзишгоҳ ва майдончаҳои варзишии пойтахт баргузор мегарданд.