Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд — HHDT

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд

Маркази шоҳигарии татқиқоти стратегии исломии Уммон бо дастгирии Маркази ҳамдигарфаҳмии мусалмонону масеҳиёни Ҷорҷтаун (ИМА) имрӯз,  19 октябр, рӯйхати  навбатии 12-умини худ- 500 мусулмони бонуфузтарини оламро (The Muslim 500) нашр намуд.

Ба ин рӯйхат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар шомил шуданд.

Инчунин ба рӯйхат Амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Ал-Танӣ, Шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибн Абдул-Азиз, Роҳбари олии Эрон Оятулло Сайид Алӣ Хумайнӣ, президентони Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон, Озарбойҷон-Илҳом Алиев, Туркманистон-Гурбонгулӣ Бердимуҳамадов, Чеченистон-Рамзан Қодиров, сарвазири Покистон Имрон Хон, муфтии Узбекистон Усмон Алимов, ҳамлагари дастаи миллии Миср ва клуби Англия «Ливерпул» Муҳаммад Саллоҳ шомил шуданд.

Ёдовар мешавем, ки рӯйхати The Muslim 500 шурӯъ аз соли 2009  ҳамасола нашр мешавад.  Ҳамасола ба рӯйхати мазкур чеҳраҳое шомил мешаванд, ки ба ҳама мусулмонҳои ҷаҳон таъсири сиёсӣ, идеологӣ, фарҳангӣ ва ё иҷтимоӣ доранд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028