Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
МИЗИ МУДАВВАР ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ С. АЙНӢ — HHDT

МИЗИ МУДАВВАР ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ С. АЙНӢ

Имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгори Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ мизи мудаввар вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону духтарон ва тарғиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо” баргузор гардид.

Дар вохурии имрӯза Муродзода Фурқат- мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Шарипова Лайло мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳия, Мусоҷонзода Ҷамила Мансур-муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, Нурляминзода Гулнора Абдулҳамид-сардри раёсати таъминоти ҳуқуқии судяҳои Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фирдавсова Гуландом-ёрдамчии судяи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодону донишҷуёни донишгоҳ иштирок доштанд.

Муродзода Фурқат мизи мудавварро ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба масъалаи занону бонувон ва духтарони соҳибмаърифату болаёқат ва корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҳамчун нерӯи тавоно ва пешбаранда таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои беҳтар намудани фаъолияти созмонҳои ҷамъиятии онҳо кӯшиш мекунад.

Сипас Фирдавсова Гуландом маърӯзаи худро дар бораи баробарии гендерӣ қироат намуда, қайд намуд, ки нисбати солҳои гузашта имрӯзҳо шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон ва бонувон зиёдтар мебошад.

Дар фарҷом иштирокчиён аз ҷониби меҳмонон ба саволҳои худ ҷавобҳои аниқу дақиқ гирифтанд.

Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба фаъалони чорабини ифтихорномаю сипоснома тақдим карда шуд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028