Бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар нуҳ моҳи соли 2021 ва вазифагузорӣ барои фаъолияти минбаъда дар асоси талаботи боби 4, банди 13-и Оинномаи ҲХДТ ва қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроия санаи 15 октябри соли ҷорӣ дар толори ҶСК “Тоҷиктрансгаз” бо иштироки Ширинбекзода Садриддин-мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Муродов Ҷурабек Қурбоналиевич-муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, аъзои Кумитаи иҷроия ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис гузориши вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе – Боев Боймурод Убайдуллоевич аз ҳавзаи интихоботии №20 “Дар бораи дар амал татбиқ намудани Барномаи пешазинтихоботӣ, шунидани дархосту муроҷиати интихобкунандагон ва пешниҳод намудани он ба мақомотҳои дахлдор ” ироа гардида, бо назардошти таклифу пешниҳодҳои музокирачиён Ашрапова Сайёра Турсуновна-вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур, Қурбонова Ширин-Раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб дар ноҳияи Шоҳмансур ва Назирӣ Латофат- аъзои Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия қаноатбахш ҳисобида шуд.
Ичунин, дар кори маҷлис доир ба масъалаҳои дохилиҳизбӣ, аз ҷумла вусъат додани фаъолияти сиёсӣ-ҳизбӣ, тарғиби идеологияи миллӣ, баланд бардоштани иродаи сиёсии халқ, дастгирии сиёсати созандаву бобарори Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нутқ рафт.
Таъкид гардид, ки дар марҳилаи кунунӣ вазифаи ҳар як узви ҲХДТ ва шаҳрвандони мамлакат аз он иборат аст, ки беш аз ҳарвақти дигар ҷиҳати таҳкими ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси худшиносии мардум кӯшиш намоянд.
Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳансур бо қарори дахлдор Конференсияи ХХХII ғайринавбатии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансурро даъват намуд.