Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
АНДЕША: Ободии минтақа – ободиву рушди Тоҷикистон — HHDT

АНДЕША: Ободии минтақа – ободиву рушди Тоҷикистон

Як қатор сафарҳои расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои узви Аврупо шаҳодат аз сиёсати сулҳҷӯёнаву дурандешона мебошад, ки Сарвари давлат аз рӯзҳои нахустини по ниҳодан ба ҷодаи сиёсат пеш гирифтаанд. Ғайр аз ин, обрӯву нуфуз ва эътибори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақши асосии он кас дар ҳалли масъалаҳои таҳким ва нигоҳдории осудагии марзу буми кишвар ва пуштибонӣ аз мардуми азияткашидаи тоҷикони Афғонистон, ки амнияти Тоҷикистон ва минтақа аз тинҷиву оромии ин кишвар то андозае алоқаманд аст, хеле бузург ва махсус қайд мешавад. Зеро маҳз Тоҷикистон дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта то ба имрӯз паёмадҳои ногувори ҳаракатҳои ифротӣ ва ҷангу нобасомониҳои таҳмилиро худ аз сар гузаронидааст ва ҷомеаи ҷаҳониро хушдор ва ёдрас менамояд.

Моҳҳои охир, Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳолати то андоза номуайяни сиёсӣ ҷониби сарҳади Афғонистонро эҳсос дорад. Нафаре, ки дар байни роҳбарони давлатҳои узви СҲШ ва Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ то имрӯз дар ақидаву тарафдории давлати фарогири намояндагони миллатҳои муқим ва таҳҷоии Афғонистон мебошад, Раиси тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари муҳокима доир ба ёфтани роҳи ҳалли қазияи Афғонистон, ҳангоми мулоқот бо роҳбарони як қатор сохторҳои Шоҳигарии Белгия, Иттиҳоди Аврупо ва махсусан Подшоҳи Белгия Аълоҳазрат Филипп масъалаҳои густариши ҳамкории неки дуҷонибаи судманд бо кишвари ба мо дӯст Белгия ва робитаҳои бисёрҷониба дар доираи Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон баррасӣ намуданд.

Мо бояд ифтихор ва сарфароз аз он бошем, ки имрӯз Тоҷикистонро тавассути ташаббусҳои Сарвари муаззамамон ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф мекунанд. Дар самти пешгирии мушкилоти глобалии об ва катаклизмҳои табиӣ давлатҳои Аврупо низ, дастгирӣ менамоянд, ки зимни суханронии Подшоҳи Белгия Аълоҳазрат Филипп, Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Тери Ҳакала ва дигар намояндагони воломақоми шоҳигарии Белгия ва созмонҳои Иттиҳоди Аврупо зоҳир гардид.

Ноиби Президенти Комиссияи Аврупо, Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният Ҷозеп Боррелл  бошад, аз ҷараёни  ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика, аз ҷумла татбиқи лоиҳаи CASA-1000 ва ташаккули “иқтисоди сабз” изҳори қаноатмандӣ намуда, зарурати тавсеаи минбаъдаи онҳоро ба таври хоса қайд намуданд. Зимни суханрони Пешвои миллат бо Ноиби Президенти Комиссияи Аврупо, Ҷосеп Борел таъкид гардид, ки инкишофи ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои иқтисодӣ яке аз ҷанбаҳои муҳимми муносибатҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро ташкил медиҳад.

         Дар шаҳри Брюссели Подшоҳии Белгия бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук Кунио Микурия масъалаҳои гумрук, низоми иттилоотии автоматикунонидашуда, таҷдиди зерсохтори гумрук ва мустаҳкам намудани иқтидори захираҳои инсониро дар соҳаи гумрукӣ муҳокима карданд. Ҷонибҳо қайд намуданд, ки бастани созишномаҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук барои мустаҳкам намудани ниҳоди гумрукии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Инчунин, имтиёзҳои гумрукию андозӣ ва дастгирии истеҳсолкунандагони маҳсулоти ватанӣ ба рушди устувори иқтисодиёти миллӣ мусоидат намуда, ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ замина хоҳад гузошт.

Ҳамаи ин кӯшишҳои Пешвои миллат, Сарвари давлату миллати азиятдидаи Тоҷикистон маҳз ба хотири ободии сарзамини тоҷикон,  рушди соҳаҳои мухталифи кишвар ва таъмини аҳолӣ бо ҷои кори доимӣ, дар маҷмуъ таъмини зиндагии шоиставу осуда мебошад.

Лайлӣ Аҳмадова – сармуҳаррири ҳафтаномаи “Мароми пойтахт”









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028