Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Шариф Ҳамдампур: «Ҳодисае, ки сад сол қабл ба сари тоҷикони Осиёи Миёна омада буд, ба сари тоҷикони Афғонистон омад» — HHDT

Шариф Ҳамдампур: «Ҳодисае, ки сад сол қабл ба сари тоҷикони Осиёи Миёна омада буд, ба сари тоҷикони Афғонистон омад»

Ҳодисае, ки сад сол қабл ба сари тоҷикони Осиёи Миёна омада буд, ба сари тоҷикони Афғонистон омад. Ин нуктаро зимни рӯнамоии китоби «Нома ба Панҷшер», ки имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гашт, роҳбари медиа-холдинги «Оила», сармуҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Шариф Ҳамдампур зикр намуд.

«Бадбахтона, сад сол қабл тоҷик пушту паноҳ надошт, вале тоҷикони Афғонистон дар симои Тоҷикистон пушту паноҳ доранд», — тазаккур дод ӯ.

Шариф Ҳамдампур бар он аст, бо вуҷуди он ки Тоҷикистон давлати хурд аст, вале ба икдоми бузург даст зад. Ӯ итминон дорад, ки гуфтушунидҳои Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Аврупо ҳатман натиҷа хоҳанд дод ва муносибати ҷомеаи ҷаҳон нисбат ба вазъи феълии Афғонистон тағйир хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки рӯзноманигор ва публисисти шинохта Шариф Ҳамдампур соли 2006 бо Президенти собиқи Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ мусоҳиба ороста буд, ки он бо номи «Пойдории давлат дар ангезаи миллист» дар маҷмӯаи мусоҳибаҳои муаллиф  «Чунин гуфт оне, ки буду оне, ки ҳаст»  ҷой дода шуддаст. Ин китоб соли 2020 аз ҷониби нашриёти «Адиб» ба табъ расидааст.

АКСҲО аз манбаъҳои боз









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028