
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар доираи нақшачорабиниҳои худ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону духтарон ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила барои солҳои 2014 – 2023”, пешгирии пошхӯрии хонаводаҳо ва тарбияи нокомили насли ҷадид, таблиғу ташвиқ ва амалигардонии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, терроризму экстремизм, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пос доштани марзу буми Ватан, ҳидоят намудани ҷавонон ба корҳои ободониву созандагӣ ва самараноку мақсаднок истифода намудани майдончаҳои варзишӣ санаи 15 октябри соли 2021 дар толори Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе суҳбату вохӯрии судманд бо донишҷӯён ва омӯзгорон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе – Ҳомидзода Насимҷон, ҷонишини Директори муассиса – Гадоев Тоҳир ва мудири шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино – Фозилзода Шуҳрат иштирок намуда, вобаста ба масъалаҳои матраҳгардида маърӯза намуданд.
Қайд карда шуд, ки ҷомеаи имрӯза аз мо тақозо менамояд, то ҳушёру зирак бошем ва дар корҳои ободониву созандагӣ ҳимояи марзу буми кишвар саҳмгузор бошем.
Дар фарҷоми вохӯрӣ миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.