Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Коршиноси АМИТ «Ховар» Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро кафилони амнияти Авруосиё арзёбӣ намуд — HHDT

Коршиноси АМИТ «Ховар» Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро кафилони амнияти Авруосиё арзёбӣ намуд

Фаронса ҳамчун кишвари пешсафи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон чун давлати калидии Осиёи Марказӣ дар симои созмони террористии «Толибон» ва шарикони он — созмонҳои террористии «Ал –Қоида» ва «Давлати исломӣ» таҳдид ба амнияти Авруосиё ва арзишҳои демократии умумиҷаҳониро эҳсос карда, ба ҳокимияти террористон дар Афғонистон «не»-и қатъӣ баён доштанд. Дар ин бора коршиноси АМИТ «Ховар», доктори илмҳои фалсафа Рустам ҲАЙДАРОВ дар матлабе, ки дар бахши русии сомонаи www.khovar.tj нашр шуд, ибрози назар намудааст.

Мавсуф инчунин доир ба аҳамияти сафари навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо андешаронӣ намудааст.

Р. Ҳайдаров, аз ҷумла изҳор доштааст, ки Осиёи Марказӣ ва Афғонистон соли 2021 боз ба маркази геосиёсии ҷаҳонӣ табдил ёфтанд. Зери таъсири равандҳои харобиовар дар ҷомеаи муосири Афғонистон имрӯз дар минтақаи мо раванди навсозии меъмории геосиёсӣ ҷараён дорад, ки дар оянда ба тамоми низоми амнияти Авруосиё таъсир мерасонад. Имрӯз ба назар мерасад, ки ба ҷуз Тоҷикистону ИА, хусусан Фаронса, аксари давлатҳо дар минтақаи Авруосиё бо ҳукумати ноуҳдабарои созмони террористии «Толибон»* муросо карданианд.

Роҳбарони Фаронса ва Тоҷикистон нисбат ба ҳукмронии созмони террористии «Толибон»* дар Афғонистон мавқееро ишғол намудаанд, ки ба риояи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон асос ёфтааст. Мавқеи устувори Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар муқовимат ба таҳдидҳои глобалӣ, аз қабили терроризми байналмилалӣ ва ифротгароии мазҳабию сиёсӣ Р. Ҳайдаров дар сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон бориз арзёбӣ мекунад.

Андешаҳои пурраи коршиносро дар бахши русии сомонаи АМИТ «Ховар» мутолиа намоед.

_____________________

*Созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва сойири кишварҳо

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028