Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви ИДМ дар шакли видеоконфронс иштирок мекунанд — HHDT

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви ИДМ дар шакли видеоконфронс иштирок мекунанд

Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 15 октябр, дар ҷаласаи солонаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шакли видеоконфронс иштирок мекунанд, иттилоъ медиҳад Хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

 Ҷаласа таҳти раёсати Ҷумҳурии Беларус баргузор мешавад. Сарони кишварҳои ИДМ масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳодро баррасӣ хоҳанд кард.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа қабули якчанд изҳороти сарони кишварҳои ИДМ, аз ҷумла ба муносибати 30-солагии Иттиҳод, оид ба ҳамкорӣ дар таъмини амнияти биологӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират, ҳифзи ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандони Иттиҳод, инчунин санадҳое, ки ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои дигар равона шудаанд, дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз дар Минск ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷӣ Содиқ Имомӣ дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ШВКХ ИДМ) ширкат варзид.

                   АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028