
Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба тавсеа ёфтани терроризм, фаолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд. Пушти ин амалҳои нопок аъзои Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ буда, мехоҳанд ба ҳар роҳу восита авзои сиёсии ҷомеаро ноором созанд. Бархе аз ҷавонони гумроҳ имрӯз шомили ин гурӯҳи ҷоҳил шуда, дур аз ёру диёр хиёнат ба Модари хешу Ватани азиз карда истодаанд. Яке аз онҳо Муҳиддин Кабирӣ, ки бо номи поки Ислом ҷавононро ба сӯйи даҳшату ваҳшоният кашида истодааст, аслан худи ӯ дар бораи ин дини муқаддас чизе намедонаду бо шарикии бархе аз нимчамуллоҳои атрофи хеш ҷавононро ба ҷиҳоду дигар кирдорҳои ваҳшиёна даъват намуда, ҳазорон нафар гумроҳшудагонро ба доми марг афтондаю дур аз зану фарзанд намудааст. Охир ин кирдори ноҷавонмардист! Наход фарзанди тоҷик ба чунин кор қодир бошад.
Бояд гуфт, ки кирдорҳои сардори гурӯҳи ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ бо мақсадҳои гуногун тарҳрезӣ гардида, дар натиҷаи амалиёти манфиатталабонаи онҳо ҳамасола ҳазорон шаҳрвандони одди ба ҳалокат мерасанд. Яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро нигарон кардааст, проблемаи терроризму экстремизм аст. Ин ҷараёни хатарзо ба худ хусусияти марзнописандӣ касб карда, кулли мардуми сайёраро водор мекунад, ки ҷиҳати пешгирӣ ва кам кардани зарари он андеша намоянд. Дар ҳамин давраи ҳассос ҷавононро зарур аст, ки дар ҳама холат нагузоранд, ки дар Ватани маҳбуби хеш чунин равияҳои бадхоҳ ва ашхоси зархарид таъсири худро расонанд.
Шинохти ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ ин «нақшаи бузург»-и хадамоти ҷосусие ҳаст, ки дар қалби Аврупо дар симои ин ташкилоти террористӣ-экстремистӣ мехоҳанд ба муносибати кишварҳои исломӣ халал ворид намоянд. Агар, баъзе кишварҳо мехоҳанд, аз рӯи нақшаи инқилоби Хумайнӣ дар симои Кабирӣ дар Тоҷикистон «инқилоби исломӣ»-ро роҳандозӣ намоянд, ин аз як хаёле беш нест. Зеро ташкилоти ТТЭ ҲНИ чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз ҳамагӣ як гурӯҳи ошӯбгар буду ҳаст, на бештар аз ин. Аз ин рӯ, бархе аз кишварҳои исломӣ набояд имиҷи сиёсиашонро ба хотири чунин як ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ бадном созанд. Ихтилоф дар байни мунофиқон акнун оғоз гардидааст ва ин ихтилоф метавонад симои манфури онҳоро дар байни ҷомеаи Тоҷикистон боз ҳам ошкор намояд.
Ин амалҳои нобакорона аз ҷониби собиқ пайравони ташкилоти террористии ҲНИ, аз ҷумла Кабирӣ ва даҳҳо нохалафони дигар рӯйи кор омаданд. Ин нобакорон бояд донанд, ки амалҳои хоинонаашон беҷавоб нахоҳад монд. Мо ҷавонон барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани Ватани азизамон саъю талоши худро равона месозем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз мекунем ва харгиз барои амалӣ намудани мақсадҳои ғаразноки шумо роҳ намедиҳем.
Н.ТЕМУР
рӯзноманигори ҳафтаномаи “Мароми пойтахт”