
Талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муазами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои халқ, барои миллат ва Ватан беҳамтост ва мо низ аъзоёну ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар бари Сарвари давлат истодагарӣ намуда, фидоии ин марзу бум ва давлати худ ҳастему дар роҳи ҳифзи он ҷони худро дареғ намедорем.
Зеро таҳлили вазъи минтақа ва ҷаҳон, фаъол гардидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар гурӯҳҳои ҷинояткори фаромиллӣ тақозо менамояд, ки ҳар як ҷавони бонангу номус ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, ба хотири ҳимояи хоки муқаддаси Ватани азизамон вазифаҳои хизматии худро содиқона ва бо эҳсоси баланди ватандорӣ иҷро намояд.
Вазъи кунунии ҷомеа барои таҳким бахшидани давлатдории миллии худ аз ҳар як шахси худшиносу ватанпарвар тақозо менамояд, ки дар амалӣ сохтани мақсаду мароми пешгирифтаи миллати тоҷик, яъне ободиву шукуфоии Ватани соҳибистиқлол ва пешрафти самтҳои гуногуни соҳаҳои мавҷудбуда саҳми арзанда дошта бошанд.
Бинобар ин, ҳар як ҷавони бонангу номус бо бардошти сабақи таърихӣ аз ҳодисаҳои гузашта бояд шукронаи оромии сарзамини кӯҳанбунёдро ба ҷо оварда, неъмати бебаҳо Истиқлолиятро қадр намоянд, ба ҳар як гӯшаи Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузорад.
Тавре мебинем, ҷавонони имрӯз ҳамқадами замони Истиқлол мебошанд. Онҳо аз ҷавонони асри газашта бо дастрасии иттилооти васеъ, рушди бемайлони техникаву технология фарқ доранд. Чунки онҳо дар ҷаҳони муосир, ки табаддулоти хосаро тақозо дорад, паи фаъолият ҳастанд, бинобар ин, насли калонсоли имрӯзаро зарур аст, то роҳбалад дар заминагузории тафаккури воло, худшиносии миллӣ ва арҷ гузоштан ба таърихи бои миллати тоҷик бошанд.
Ҳамагон медонанд, ки 30-соли Истиқлол ба ҷавонони тоҷик озодии комил бахшид ва тавассути он ҷавонони тоҷик имкон пайдо намуданд, то бо таъриху тамаддуни худ аз наздик ошно шаванд. Маҳз хизматҳои Президенти мардумӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҷавонон рӯ ба худшиносӣ оварданд, худро чун соҳибватану соҳибмулк шинохтанд.
Боиси зикр аст, ки ҳар як иқдому тадбире, ки давлат ва ҳукумати кишвар дар доираи татбиқи сиёсати давлати худ, вобаста ба ҳаллу фасли масоили ҷавонон ва ба хотири беҳдошти зиндагии онҳо меандешад, танҳо ба хотири ояндаи дурахшони миллат аст.
Аз ин хотир, ҳар як фарди соҳибфарҳанги кишвар, бахусус насли ҷавонро зарур аст, ки зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии маънавиро аз даст надиҳад, ифтихори миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, инсонпарвариву ватандӯстиро пуштибонӣ намояд ва фирефтаи идеологияи ғаразноки кишварҳои бегона нагардад. Насли имрӯзаи-ҷавонон дар воқеъ саодатманду толеъбаланд ҳастанд, чунки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба воя мерасанд ва мебояд аз ин шукрона карда, ақли солими худро ба кор баранд, чунки бар дӯши онҳо рисолати бузург ва муқаддас, чун масъулияти дифои марзу бум ва муаррифии давлату милат гузошта шудааст.
Ҳомидзода Н., мудири шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе