Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
«ТОҶИКИСТОН ЧОРРОҲАИ ВОҚЕИИ ТАМАДДУН АСТ». Президенти Фаронса Эммануэл Макрон намоишгоҳи археологии кишвари моро дар Париж чунин ҳамин гуна шарҳ дод ва онро «ҳайратангез» номид — HHDT

«ТОҶИКИСТОН ЧОРРОҲАИ ВОҚЕИИ ТАМАДДУН АСТ». Президенти Фаронса Эммануэл Макрон намоишгоҳи археологии кишвари моро дар Париж чунин ҳамин гуна шарҳ дод ва онро «ҳайратангез» номид

Париж ва Душанбе ба наздикӣ 30-юмин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатиро таҷлил мекунанд. Дар ин бора Президенти Фаронса Эммануэл Макрон зимни суханронӣ ҳамроҳ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди хабарнигорон пеш аз оғози музокироти сатҳи олӣ ёдовар шуд. Ба гуфтаи Президенти Фаронса, муносибатҳои ду кишвар бар «эътимоди тарафайн»  асос ёфтаанд.

Эммунаэл Макрон зикр кард, ки сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтитоҳи намоишгоҳи калони бостоншиносии ҷумҳурӣ бо номи «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» рост омад.

«Ин намоишгоҳи ҳайратангез дар бораи тамаддуни ҳазорсолаест, ки мо имрӯз онро дар Осорхонаи санъати шарқи Париж мекушоем»,-гуфт Президенти Фаронса. Ба зикри ӯ, «ин намоишгоҳ исбот мекунад, ки Тоҷикистон чорроҳаи воқеии тамаддун маҳсуб мешавад».

Эммануэл Макрон афзуд, ки намоишгоҳ натиҷаи кори чандсолаи бостоншиносон ва муҳофизони осорхонаҳои Фаронса ва Тоҷикистон мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028