
Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Иттиҳоди Аврупо аз 11 октябр дар шаҳри Брюссел оғоз гардид, ки Пешвои миллат бо Ноиби Президенти Комиссияи Аврупо, Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният Ҷозеп Боррелл мулоқот карданд.
Давлатҳои Иттиҳоди Аврупо яке аз шарикони муҳимми стратегии кишвари мо ба ҳисоб меравад, дар ин вохӯрӣ ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори иқтисод, тиҷорат, татбиқи амалии лоиҳаҳои судманд дар соҳаҳои мухталифи гуманитариву фарҳангӣ, бахусус маориф, тандурустӣ ва рушди маҳалро муҳокима карданд.
Пешвои миллат инчунин ба Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзо барои дастгирии ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об ва рафъи оқибатҳои тағйирёбии иқлим, ки ба яке аз мушкилоти ҷиддии замони муосир мубаддал гаштааст, изҳори сипос намуданд.
Дар робита ба ин, Пешвои миллат изҳор доштанд, ки Тоҷикистон 98 фоизи неруи барқро дар иншооти гидроэнергетикӣ, яъне аз манбаъҳои таҷдидшаванда аз лиҳози экологӣ тоза истеҳсол карда, аз рӯйи ин нишондиҳанда дар ҷаҳон ҷойи шашум ва аз рӯйи партовҳои газҳои гулхонаӣ ҷойи 135-ро ишғол менамояд.
Ҷаноби Ҷозеп Боррелл дар навбати худ нақши боризи ҷониби Тоҷикистонро дар ҳаллу фасли масъалаҳои вобаста ба об ва рафъи оқибатҳои тағйирёбии иқлим баланд арзёбӣ карданд.
Инчунин, ӯ иброз дошт, ки ҷониби Иттиҳоди Аврупо барои таҳкими равобити минтақавӣ манфиатдор аст ва ин масоил меҳвари гуфтушунидҳоро дар ҷаласаи қарибулвуқӯи вазирони корҳои хориҷии G5+1 дар шаҳри Душанбе ташкил хоҳанд дод.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ватани азизи ҳар яки мост, дар миқёси ҷаҳонӣ сол то сол обрӯ ва эътибори хоса ба худ зам карда истодааст. Ба ҳама гувоҳ аст, ки кишвари азизи моро бо тавассути кӯшишу талошҳо ва ташаббускориҳои фидокоронаи Пешвои муаззами хеш, ҳамчун давлати ташаббускор аз муаммоҳои душвори глобалии танқисии оби нӯшокӣ, раҳобахшандаи инсоният эътироф кардаанд.
Масъалаи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон он қадар ҳам вазнин нест, лекин дар аксари давлатҳои ҷаҳон проблемаи об хело муҳим аст. Гарчанде, ки мо аз норасоии об танқисӣ намекашем, ѓамхори дигар давлатҳои дунё ҳастем. Аз ҳамин сабаб Пешвои муаззами тоҷикони ҷаҳон, ки ташаббускори масъалаи об дар СММ мебошанд, ки аз ин минбари бонуфуз баромад намуда, муаммои глобалии обро баррасӣ намуданд:
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид (1-уми октябри соли 1999) оид ба соли оби тоза эълон намудани соли 2003.
Дар асоси ин ташаббус 20-уми сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид соли 2003 ҳамчун соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд.
Рӯзҳои 29 август то 1-уми сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба оби тоза баргузор гардид.
Пешниҳоди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005 – 2015.
Санаи 20-уми декабри соли 2010 ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгири ёфта, аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ соли 2013 «соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об» эълон карда шуд.
Тибки ташаббуси мазкур 20-21 августи соли 2013 конференсияи байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Маҷмааи умумии СММ 21-уми декабри соли 2016 Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028-ро бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо ҷонибдории 193 кишвари узви СММ қабул намуд.
Ҳамзамон, омилҳои муҳимтаринро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоили об ва беҳдошти ҳаёт ба ташаббусҳои наҷиб водор намуданд:
— Буҳрони молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ;
— Таѓироти иқлим дар ҷаҳони муосир ва минтақа;
— Зуд зуд рух додани ҳодисаҳои офатбори гидрометереологӣ;
— Норасогии об барои зиндагии муътадили аҳолӣ;
Дар паёми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмамалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми декабри соли 2016, иброз намуданд, ки Кишвари азизи мо дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захирахои об эълон гардидааст.
Мо ба ҷаҳони муосир обҳои шифобахшу мусаффои кишварамонро чун сарчашмаи ҳақиқии пешниҳод карда умедворем, ки сиёсати дарҳои кушоди давлати моро на танҳо дар минтақа, балки дар миқёси ҷаҳонӣ чун сиёсати инсонпарварона ва ҳаётдӯстона мақбул хоҳанд кард.
Кӯҳҳои сар ба фалаккашида ва табиати дилфиреди Тоҷикистон на танҳо дорои захираҳои бийи табиӣ, балки сарчашмаи обҳои тозаву нӯшиданӣ мебошад. Кишвари азизи мо ки, дар маркази қитъаи бузурги Осиё ҷойгир шудааст, аз ҷиҳати захираи нерӯи об дар ҷаҳон ҷойи ҳаштум ва дар бойни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баъди Федератсияи Россия ҷойи дуюмро ишѓол мекунад. Аз рӯи маълумоти ЮНЕСКО танҳо 122 давлатҳои ҷаҳон обҳои тозаи нӯшиданӣ доранд., ки кишвари азизи мо аз рӯи сифати баланди об дар қатори даҳгонаи аввал қарор дорад. Мувофиқи маълумоти мутахассисон 55 %-и захираҳои обии Осиёи Миёна аз Тоҷикистон ҷорӣ мешавад.
Ҳарчанд об дар кишвари мо фаровон бошад ҳам, лекин аз тарафи шаҳрвандон ифлоскунии об мушоҳида мешавад. Ифлосшавии обҳо асосан дар натиҷаи фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, хоҷагӣ, рӯзгордорӣ, садамаҳо ва дигар омилҳо бавуҷуд меоянд, ҳамзамон бузургони мо аз давраҳои қадим оид ба ҳифз ва истифодаи об суханҳо ва пандномаҳои хубҳам гуфтаанд:
Зи ҷӯе, ки хӯрди аз он оби пок
Нашоядаш фикандан дар ӯ сангу хок.
Индустрикунонӣ дар тамоми давлатҳои олам элементи асосии стротегияи тарақиёт ба ҳисоб меравад, аммо аз ҷиҳати истисмори захираҳои табиӣ, истифодаи энергия ва ба миён омадани ифлосиҳо ва партовҳо сектори саноат дар қатори муҳимтарин сабабҳои пастшавии сифати муҳити атроф мебошад. Масалан, дар давлатҳои мутараққӣ баъди тоза намудани обҳои истеҳсолоти саноат ва такроран истифодаи он ҳар сол миллионҳо доллар даромад мегиранд.
Ҳамзамон, дар соҳаи саноати мо низ истифодаи об ҷойи махсусро дорост. Аммо дар кишвари мо ҳоло об баъди истифода дар истеҳсолоти саноат аз нав коркард намешавад. Бояд барои сарфакорона истифода кардани об техникаи коркарди обро аз давлатҳои тараққикарда омӯзем. Зеро, ҳарчанд об дар кишвари мо фаровон аст, хусусияти кам шуданро дорад.
Дар шароити имрӯзаи муосир ҷорӣ намудани технологияи нав, ки обро тоза ва кам партов менамояд хело зарур мебошад, обҳои саноатӣ аз сабаби набудани технологияи коркард безарар карда намешаванд, аммо ин обҳо тоза карда, қисми дигарашон ба дарёҳо равона карда мешавад, ки хело хатари калон доранд, чунки аз сабаби ба онҳо ҷорӣ шудани маҳлулҳо дар натиҷаи ҷараёнҳои кимёвӣ, биокимёвӣ ҳар гуна партовҳо ва моддаҳои заҳрнок пайдо мешавад, ки ба муҳит таъсири консергенӣ, метагенӣ, мерасонанд ва ин обҳои дар саноат истифодашуда ба обҳои тозаи нӯшокӣ мисоли: кул дарҳол ҷорӣ шуда, ба муҳит таъсири кансергенӣ, метагенӣ мерасонанд, ба организми зинда таъсири манфӣ мерасонад, ҳамзамон қисми зиёди он дар шароити гарм бухор шуда, ба масофаи калон паҳан мешавад, ки вазъи экологии кишварро вазнин мегарлонанд.
Захираҳои об мавҷуда дар Тоҷикистони мо тавассути 947 руди кӯҳӣ ҷорӣ мегардад, маҷрои 16 дарёи ҷумҳурӣ аз 100 то 500 км мебошад, ки дарозии чор дарё аз 500 км бештар мебошад. Аз ҳудуди кишвари мо 65,11 км мукааб об ҷорӣ мешавад, ки 51,2 км мукааби он аз ҳисоби пиряхҳои ҳудуди Тоҷикистон аст, аз ин миқдор 50,5 км мукаабаш ба ҳавзаи дарёи Аму ва 0,7 км мукаабаш ба Сир дарё тааллуқ дорад.
Тибқи маълумоти вазорати Энергетика ва зихираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст, ки аз захираи мавҷудаи об танҳо 11,9 км-и мукаабаш дар ҳудуди ҷумҳурии мо истифода шуда, боқимондааш байни Ӯзбекистон, Туркистон, Қирғизистон ва Қазоқистон тақсим мешавад. Дар кишвари мо истифодаи об ба ҳар сари аҳолӣ 2,8 мукаабметр бошад, ин нишондиҳанда дар ҷумҳуриҳои дигари баҳри Арал ду баробар зиёд аст.
Чӣ тавре ки маълум аст, дар қаламрави кишвари мо захираи калони пиряхҳо мавҷуд аст, ки он манбаи оби ширин ба ҳисоб меравад, пиряхҳои калони ҷумҳурӣ бештар дар кӯҳистонҳои Помири ѓарбӣ, Туркистону Зарафшон воқеъ мебошанд. Умуман дар кӯҳҳои осмонбуси Тоҷикистони азизи мо зиёда аз 1000 пиряхҳои калону хурд ба қайд гирифта шудаанд, ки калонтарини он пиряхи Федченко мебошад, ки 72-75 км дарозӣ дорад.
Яке аз сабабҳои камшавии оби дарёҳо ин буридани ҷангалҳо, кам шудани рӯпӯши наботот, шудгор кардани чаманзорҳо, хушк кардани ботлоқҳо мебошад, инҳо сабаби кам шудани миқдори обҳои зеризаминӣ низ мегарданд. Дар натиҷа дар бисёр мамлакатҳо захираи оби рӯизаминӣ ва зеризаминӣ хело кам шудааст. Чунончи дар ИМА аз соли 1910 то соли 1958 захираи пурраи обҳои зеризаминӣ аз 460 то 62 милион метри мукааб кам гардидааст, ин ҳолат барои баъзе мамлакатҳои собиқ Итиҳоди Шуравӣ низ хос буд. Ифлосшавии ҳавзҳо аз ҳисоби обҳои саноатӣ ва ҳам ба норасогиҳои обҳои ширин оварда мерасонад.
Мудири шӯъбаи умумии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Розиқ Нурзод