
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зода ва парвардаи даврони истиқлолият буда, тамоми дастовардҳои бузурги халқи тоҷик дар роҳи пойдор ва устувор намудани истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ ва ғоявӣ бо номи ин ҳизби ояндасоз, нуфузу обрӯи он, пеш аз ҳама, бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи қавӣ дорад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тӯли мавҷудияти худ ва фаъолияти густурдаю хизмати содиқона ба манфиати мардум рисолаташро сарбаландона иҷро намуда, ба як неруи тавонои созанда, роҳнамои ҷомеа, сарчашмаи афкору ғояҳои ояндасоз табдил ёфтааст.
Ин ҳизби созанда бори дигар муттаҳидӣ, ҳамҳадафу ҳаммаром будани аъзои онро бо мақсади муташаккилона роҳандозӣ намудани ҳадафу мақсад, вазифа ва ғояву ақидаҳои он дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ, ягона нишон дод. Комёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби ҳукмрон ва раҳнамо маҳз дар ҳамин сарвату дороии ҳизб, ганҷинаи тиллоии он – неруи бузурги зеҳниву ақлонии аъзои он мебошад. Дар сафи ҳизб намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа – зиёиён, олимону адибон, ҳуқуқшиносону иқтисоддонҳо, муҳандисон, коргарон, кишоварзон, соҳибкорон, собиқадорони соҳаҳои гуногун, шахсони обрӯманди кишвар ҷамъ омадаанд. Ин неруи бузург тавони онро дорад, ки бо қувваи бузурги зеҳниву ақлонӣ, ибрати шахсӣ, садоқат ба манфиатҳои халқу Ватан ва ҷомеаро ба самти дурусти тавсеаи ислоҳоти демократӣ, рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, мустаҳкам намудани нуфузу обрӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар сатҳи байналхалқӣ сафарбар намояд.
Тавре Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани навбатӣ таъкид доштанд: “ҲХДТ минбаъд низ барои муттаҳид намудани қувваҳои солиму созанда, неруи пешқадам ва тавонои ҷумҳурӣ, ватандӯстони асил, фарзандони бедордили миллат ба хотири ҳимоя ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ, нангу номуси миллӣ, таъмини ягонагию якпорчагии Тоҷикистон, тамомияти арзии кишвар, сулҳу субот дар ҷомеа, ваҳдати миллӣ, ҳимояи манфиатҳои тамоми мардуми кишвар ва таъмини мақоми шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ бояд хизмат намояд”.
Албатта, имрӯз зери ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзоёни ҲХДТ дар тамоми манотиқи кишвар фаъолияти пурсамар намуда, рисолати ватандӯстиву хештаншиносии хешро иҷро намуда истодаанд.
Кумитаҳои иҷроияи ибтидоии “Пайванд”-и ҶСК “Сементи тоҷик” дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, имрӯз, шумораи зиёди аъзои ҳизбро муттаҳид намуда, барои пешбурди кори ҳизбӣ ва созандагиву бунёдкории кишвар доимо саҳм мегузоранд.
Дар ин замина, раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Пайванд” Алишер Саидзода чунин ибрози назар намуд:
-Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Пайванд”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон соли 2002 бо қарори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи И. Сомонӣ тасдиқ шудааст.
Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Пайванд” фаъолияти худро дар асоси Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи И.Сомонӣ ба роҳ монда, аъзои он дар тамоми чорабиниҳои ҳизбӣ фаъолона ширкат менамоянд.
Маҷлисҳои ҳизбӣ дар Кумитаи иҷроияи мазкур мувофиқи тартиб ва нақшаҳои тасдиқшуда на камтар аз як маротиба ҳар семоҳа гузаронида мешаванд ва дар онҳо дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвари муаззами ҳизбамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26-уми январи соли 2021 баён гардид, ҳадафҳо ва барномаҳои стратегӣ ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва иҷтимоёти кишвар мавриди корбарӣ қарор дода мешаванд ва самтҳои сиёсати муайянгардида, ки татбиқи онҳо ба салоҳияти корхонаи сементи тоҷик мансуб мебошанд, амалӣ карда мешаванд. Доир ба ин дастуру супоришҳо дар корхона ҳаҷми маҳсулот зиёд карда шуда, имрӯз сементи аълосифат ба мизоҷон пешниҳод карда мешавад, ки бархе аз сохтмонҳои ватанӣ аз сементи корхонаи мазкур истифода мебаранд. Ҳамзамон, маҳсулоти истеҳсолшудаи корхона барои сохтмони Неругоҳи барқии обии Роғун истифода карда мешавад.
Қайд намудан бамаврид аст, ки дар давоми соли сипаригардида ҳамкориҳои судманди Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Пайванд” бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба роҳ монда шуда, давоми ин муддат тибқи Нақшаи кории ташкилот аз моҳи январи соли 2020 то ин ҷониб як қатор корҳо ба сомон расонида шудаанд. Дар ин давра, дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Пайванд” оид ба самтҳои афзалиятноке, ки дар Паёми Пешвои миллат ироа гардид, ба ин муносибат чорабинӣ аз тарафи кумита дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи И.Сомонӣ гузаронида шуда, тамоми паҳлуҳое, ки дар Паём ироа гардид, он ба самъи коргарон расонида шуд. Ҳамзамон, дар кумита бахшида ба 30-солагии истиқлоли кишвар чорабинии сиёсӣ гузаронида шуд, ки ҳадаф аз он тарғибу ташфиқи созандаю бунёдкоронаи ҲХДТ мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки айни замон, дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ 755 аъзо мебошад, ки онҳо дар тамоми чорабиниҳои сиёсӣ — фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ муташаккилона иштирок намуда, саҳми бевоситаи худро мегузоранд, — афзуд Алишер Саидзода.
Мусаллам аст, ки барои боз ҳам беҳтар пайгирӣ намудан аз сиёсати муваффақонаву созанда ва ободкоронаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвари муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Пайванд”-и ҲХДТ дар назди худ вазифа гузоштааст, ки минбаъд низ кормандони сазоворро ҷиҳати аъзошавӣ ба ҲХДТ бештар ташвиқ намуда, бо онҳо дар ин самт суҳбатҳои инфиродӣ ва корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳиро ба роҳ монад.
Нозукбибии ТЕМУР,
“Мароми пойтахт”