Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Даъвати тирамоҳии шаҳрвандон дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз 40 фоизро ташкил дод — HHDT

Даъвати тирамоҳии шаҳрвандон дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз 40 фоизро ташкил дод

Аз якуми октябр дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардида, аллакай давоми даҳ рўзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ иҷрои нақша дар қаламрави ҷумҳурӣ зиёда аз 40 фоизро ташкил медиҳад, хабар дод ба хабарнигори АМИТ “Ховар” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода.

Давоми даҳ рӯзи идомаи чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ миёни вилоятҳо иҷрои нақша дар ВМКБ ба 96 фоиз баробар буда, аллакай дар ин минтақа ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа, Шуғнон, Мурғоб ва шаҳри Хоруғ дар хусуси пурра ба анҷом расонидани нақшаи даъват гузориш доданд.

Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд низ муташаккилона идома дошта, иҷрои нақша дар ин вилоят давоми даҳ рӯз ба 32 фоиз баробар мебошад.

Зикр карда шуд, ки аз маҷмӯи умумии 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон то ин дам ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш дода, иҷрои нақша дар қаламрави ин вилоят 29 фоизро ташкил медиҳад.

Аз рӯзи оғози даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ иҷрои нақша давоми даҳ рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 61 фоиз баробар буда, аллакай шаҳру навоҳии Ваҳдат, Рашт, Нуробод, Сангвор, Тоҷикобод  ва Лахш аз анҷоми нақшаи пешбинишуда гузориш доданд.

Ҳамин тариқ, дар комиссариатҳои ҳарбии чаҳор навоҳии пойтахт иҷрои нақша 49 фоизро ташкил медиҳад.

Хизмати ҳарбӣ барои ҷавонписарони аз 18 то 27-сола, ки муассисаҳои миёнаи умумӣ ва миёнаи касбиро хатм намудаанд, 24 моҳ муқаррар карда шудааст. Тибқи талаботи қонуни мазкур, шаҳрвандоне, ки донишгоҳу донишкадаҳоро бо кафедраҳои ҳарбӣ хатм менамоянд, танҳо баъди 12 моҳи хизмати ҳарбӣ ба онҳо рутбаи аввалини афсарӣ дода мешавад. Зеро онҳо дар кафедраҳои ҳарбӣ ихтисосҳои гуногунро ба таври назариявӣ аз бар карда, ҳамчун мутахассис ба сафи артиш шомил мешаванд ва дарсҳои назариявиро ба таври амалӣ тақвият бахшида, баъди як соли хизмат сазовори рутбаи аввалини афсарӣ, яъне лейтенанти хурд мегарданд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз сомонаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028