
Ман ҳамчун сокини шаҳри Душанбе ифтихор аз он мекунам, ки имрӯзҳо аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳар як гӯшаву канори мамлакат корҳои азими созандагиву ободонӣ идома дорад. Аз ҷумла санаи 8 октябр дар деҳаи Деҳотии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҲХДТ маҷмааи солимгардонӣ, ки дорои як майдончаи варзишӣ аз рӯйи намуди футбол, волейбол, баскетбол, майдонча барои бозии кӯдакон, ҷойи истироҳатии калонсолон ва гӯшаи машқу тамрини бадан бунёд гардидааст. Иншооти мазкур бо тарҳу усули муосир ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизотҳои лозимӣ мебошад.
Кулли сокинони ноҳияи Фирдавсӣ, алалхусус кӯчаи Деҳотӣ ба Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои туҳфаи арзишманд бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, дар ивази ин меҳрубониву ғамхориҳои падарона мо низ дар корҳои ободониву созандагӣ, пос доштани марзу буми кишвари азизамон-Тоҷикистон саҳми худро мегузорем.
ҲХДТ дар ҳақиқат ҳизби созандаву бунёдкор буда, ҳамеша барои зиндагии шоистаи мардум чораҷӯӣ менамояд.