
Имрӯз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар доираи нақшачорабиниҳои худ вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, пошхӯрии оилаҳо, терроризму экстремизм, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пос доштани марзу буми Ватан ва ҳидоят намудани ҷавонон ба корҳои ободониву созандагӣ дар толори коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ суҳбату вохӯрии судманд бо устодону донишҷӯён баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе – Ҳомидзода Н., мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур – Буриева М., мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Латипов Ш., ва муовини директори коллеҷи техникӣ – Қиматби Элназар иштирок намуда, вобаста ба масъалаҳои матраҳгардида маърӯза намуданд.
Қайд карда шуд, ки ҷомеаи имрӯза аз мо тақозо менамояд, то ҳушёру зирак бошем ва дар корҳои ободониву созандагӣ ҳимояи марзу буми кишвар саҳмгузор бошем.
Дар фарҷоми вохӯрӣ миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.