
Мояи ифтихор ва сарфарозист, ки аз ҷониби ҲХДТ майдончаи варзишӣ, бозии кўдакон ва истироҳати калонсолон дар шаҳри Душанбе сохта ба истифода дода шуд. Маконе, ки пештар як биёбони холи буд, имрўз серодам шудаву маконе барои истироҳату фароғати сокинони ватани азизамон гаштааст.
Сокинон дар майдонча ба бозиҳои варзишӣ ва машқу тамрини бадан машғул шуда, аз обу ҳавои тоза, гулу гиёҳҳои тару пурнафис ҳаловат мебаранд, ки ин боиси баланд шудани руҳияи инсондӯстиву ватандӯстии онҳо мегардад.
Машғул шудан ба варзиш ва обу тоби бадан боиси он мегардад, ки наврасон аз корҳои нодурусту ношоям барканор шаванд ва тарзи ҳаёти солимро пешаи худ намоянд.
Бояд қайд намуд, ки руҳи солим дар тани солим буда, солимии ҷомеа бойгарии давлат мебошад. аз ин лиҳоз барои бавоя расонидани наврвсону ҷавонони солимфикр ва қавиирода чунин иншоотҳо ва машқу тамрини бадан нақши калидӣ мебозад.
ҲХДТ варзишро гарави саломатӣ пеша намуда, пайваста барои ҷалб намудани шаҳрвандон ба тарзи ҳаёти солим талошҳои ҳамаҷониба менамояд. Ин шаҳодат аз ғамхории Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба шаҳрвандони кишвар буда, бори дигар исбот месозад, ки ҲХДТ хизбест, ки пайваста барои рушду нумўи Ватани азизамон ва зиндагии шоистаи мардум саҳми босазои худро мегузорад.
Мо аъзоёни ҲХДТ аз иқдоми созандаву бунёдкоронаи ҳизби худ ифтихор менамоем ва дар амалигардонии барномаву ҳадафҳои он саҳми худро мегузорем.
Аъзои фаъоли ҲХДТ – Музаффарова Гулафрӯз