Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд — HHDT

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд

7 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ифтитоҳи якчанд иншооти ҷашнӣ, суҳбату мулоқот ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва фаъолони вилоят гарму симимӣ истиқбол гирифтанд.Намояндагони аҳли фарҳангу зиё ва ҷавонон дар фазои шукӯҳу шодӣ ба Президенти маҳбуби хеш садоқат ва меҳру муҳаббати бепоёни сокинони вилоятро эҳдо намуданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028