
Дар масири тантанаҳои ҷашнии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ва сохторҳои марбутаи давлатӣ дар Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ доир гардид. Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода назари худро андар фазилату мероси пурғановати таъриху фарҳанги миллати тоҷик, бузургдошти ҷашни Истиқлоли кишвар ва ҳувияту худшиносӣ баён намуда, иброз доштанд, ки рузгори пурсаодати насли имрӯз самараи талошу фидокориҳои мардуми сарбаланди Тоҷикистон аст. Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ зимни суханронии хеш иброз намуданд, ки маҳз аз шарофати Истиқлоли кишвар ва дастгириву роҳнамоии ғамхоронаи Пешвои муаззами миллат мақоми зан дар ҷомеа боло буда, дар ҳама соҳаҳои ҳаётан муҳим нақши бонувони кишвар назаррас аст. Дар анҷом баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ пешкаш гардида, донишҷудухтарон аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат изҳори миннатдорӣ намуданд.