Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Владимир Путин ба саҳми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини амнияту суботи Осиёи Марказӣ баҳои баланд дод — HHDT

Владимир Путин ба саҳми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини амнияту суботи Осиёи Марказӣ баҳои баланд дод

Имрӯз ба муносибати зодрӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин паёми шодбошӣ ирсол намуда, бо зикри обрӯву нуфузи  шоистаи Пешвои миллат дар дохил ва хориҷи кишвар ба саҳмашон дар таъмини амнияту суботи Осиёи Марказӣ баҳои баланд дод.

Ӯ инчунин тазаккур дод, ки зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодиву сиёсӣ ба дастовардҳои зиёд ноил гардид.

«Мо ба саъю талошҳои Шумо ҷиҳати таҳким бахшидан ба муносиботи шарикии стратегии байни кишварҳоямон, инчунин саҳми Шумо дар таъмини амнияту суботи Осиёи Марказӣ баҳои баланд медиҳем», — омадааст дар паёми Владимир Путин.

Дар идома Президенти Русия омодагии худро барои идома додани муколамаи созанда ва ҳамкории зичи муштарак оид ба масъалаҳои умдаи рӯзномаи дуҷонибаву байналмилалӣ тасдиқ намуд.

Дар охир ӯ ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон саломатии бардавом ва некуаҳволиву муваффақият таманно кард.

Бояд тазаккур дод, ки дар баробари Владимир Путин ҳамчунин Раиси Шӯрои федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко, Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин ва Муовини Раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ба унвонии Пешвои миллат паёмҳои шодбошӣ ирсол намуданд.

АКС аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/ АМИТ «Ховар»









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028