
Шахсияти номовар ва худогоҳ, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳандозӣ шудани сиёсати дохиливу хориҷии кишварамон муваффақ гардид ва феълан дар ҷаҳони муосир ӯро чун раҳбари соҳибирода мешиносанд. Аксар президентҳо ҷиҳати идораи давлати хеш ба чапу рост мелағжанд ва қудратҳои ҷаҳонӣ онҳоро дар татбиқи ҳадафҳои геополитикӣ чун лӯхтак сӯиистифода менамоянд. Авзои нобаҳангоми минтақа бисёрии раҳбарони кишварҳоро ошкор сохту ҳамчунин, исбот намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба сарнавишти тоҷикони ҷаҳон бетафовут нест. Кӯшишҳояш ҷиҳати баровардани ҳамсоякишвар аз буҳрон холисона аст, аммо нерӯҳое, ки қудратро дар ихтиёри Толибон вогузор карданд, дар ҳеҷ сурат намехоҳанд, ки Афғонистон минбаъд рушд намояд. Фундаментализми исломӣ бинобар таҳия шудани интиқоли инқилоби исломӣ дар ҳуҷраҳои маъхуфи Бритониё эҳё шуда, ҳамаи қудратҳои тобеъ аз Амрико онро тарвиҷ мекунанд, аммо ҳадафи мо таҳқиқ ва баррасии авзоъ набуда, ҷашни мавлуди Пешвост ва бинобар чунин санаи таърихӣ Кумитаи ибтидоии «Хирадмандон» — и ҲХДТ дар АМИТ таҳти сарварии академик Фарҳод Раҳимӣ Раиси муаззами ҳизбро бо ҷашни фархунда табрик намуда, барояш идомаи раҳбарии огоҳона ва зиндагии босаодат таманно мекунад. Азбаски ин рӯз ба рӯзи забони тоҷикӣ иртибот дорад, мехоҳем шаҳрвандони кишварро бо он муборакбод намуда, барояшон забондонию сухансанҷӣ орзу намоем. Ин ҷо зарур донистем андаке аз гузаштагон, волидайн ва муҳити муҳоҷирати ниёгони Пешвои миллат ва баррасии самтҳои асосии фаъолияти сиёсии ӯ иктифо кунем. Инак он таҳлилҳо: Муҳаққиқони зиндагиномаи Президенти кишварамон мавзеи будубоши айёми хурдсолиашро чунин ба қалам овардаанд: “Ин сарзамин роҳи қадимии абрешим аст. Кас агар ба фарқи кӯҳи Нор баромада ба вусъати дашту ёлаҳои он нигарад, ин ҷо хуми азимеро ба ёд меоварад ва ба истилоҳ “дани кабуд”-и он осмони фирӯзавиро мемонад. Ба назари мо дар асл истилоҳи Данғара аз вожаҳои дан – (доман) ва ғар (кӯҳ) таркиб ёфта, маънои кӯҳдоманро дорад… Ногуфта намонад, ки баъди суқути давлати Сомониён ба сари мардуми бумии ин минтақа балои азиме омада буд. Сели ақвоми саҳрогард, ки дар водиҳои Ҳафтрӯд мезистанд, дар қарни X ба Вароруд ҳуҷум карда, бархе аз онҳо дар Чағониён ва Хатлон ҷойгузин шудаанд. Онҳо бедодгариҳои зиёд мекарданд, саҳроҳои пургиёҳи Данғара ба хулқу равони бодиягардон мувофиқ омада буд ва онҳо қисмати азимашро чун чарогоҳ пазируфтанд”. Дар чунин муҳит Эмомалӣ Раҳмон ба воя расид. Ба Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии шаҳри Қӯрғонтеппа (Бохтар) дохил шуда, баъди хатми он ба хидмати ҳарбӣ даъват шуд ва муддати се сол дар адои хизмат қарор дошта, дур аз зодгоҳ иқомат мекард. Баъди адои хизмат ба Ватан баргашта, маълумоти олии касбӣ гирифт ва дар самти кишоварзӣ ба фаъолият оғоз намуд. Баробари расидан ба қудрат Эмомалӣ Раҳмон рисолати сиёсии хешро дар бунёди давлати миллии тоҷикон дид ва сараввал баҳри бозоварии фирориён камари ҳиммат бибаст. Ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ дар миёни тоҷикон нахустин муваффақияти сиёсӣ барои кишвари мо мебошад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи инчунин сиёсат нақши калидӣ дошт. Ӯ ҳамеша ба бархурдҳо ва иғвову муноқишаҳои мухолифин масъулияти олидараҷаро бар дӯш мегирифт. Бар хилофи манофеи қудратҳои асосӣ дар ҷаҳони бо мо муосир Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари худ забони тоҷикиро дар амал давлатӣ кард ва дастур дод, ки коргузории давлатӣ бо забони давлатӣ сурат пазирад. Таваҷҷуҳи ӯ ба анъанаҳои миллӣ имкон дод, ки онҳо аз нав эҳё шуда, чун унсури фарҳанги миллӣ аз байн нараванд ва аз зиёиён даъват намуд, ки барои эҳёи ҷашнҳои миллӣ аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Сада саҳмгузор бошанд. Қабулу татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” (соли 2007, соли 2017 такмил ёфт), ки маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат таҳия гардида буд, барои аз байн бурдани барҷомондагӣ ва хурофот нақши калидӣ бозид. Бояд тазаккур дод, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” мисли Созишномаи сулҳи тоҷикон на фақат дар дохил, балки дар хориҷи мамлакат эътироф шуда, бисёр кишварҳои дуру наздик ба он баҳогузории мусбат кардаанд. Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз солҳои навадуми садаи гузашта ба захираҳои обии кишвари худ таваҷҷуҳ дошта, барои таъмин намудани Истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон кӯшишҳои бисёр ба харҷ дод. Азбаски аксар захираҳои обии минтақа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, истеҳсоли неруи барқ ва таъмин намудани истиқлолияти энергетикии мамлакат низ аз зумраи ормонҳои миллӣ табдил ёфта, сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ ба ҳадафи стратегӣ мубаддал гашт. Ин буд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғунро, ки даҳсолаҳо ба орзуҳои мардуми тоҷик табдил гардида буд, амалан татбиқ намуд ва имрӯз аз неруи барқи аз агрегатҳои нахустини он истеҳсолшуда аҳолӣ ва корхонаҳо истифода мекунанд. Ҷиҳати истеҳсоли неруи барқ то кунун андешаҳои мухталиф ифшо шуда, ин масъала ба таври гуногун шарҳ мегардид. Аммо Тоҷикистон вазифадор аст, ки дар истеҳсоли нерӯи барқ аз ҳама пешсаф бошад, чунки қариб ҳамаи захираҳои обии минтақа дар ҳудуди мамлакат мебошанд. Гузашта аз ин, бояд роҳҳои алтернативии истеҳсоли барқ аз ҷониби олимон таҳия гардида, масъалаи мазкур ҳамаҷониба баррасӣ шавад, чунки мо дар садаи технологияи рақамӣ зиндагӣ дорем ва бояд барои таҳия намудани ҳукумати электронӣ талош варзем. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки тарзи оқилонаи нерӯи барқро омӯзад ва дар таҷриба бо ҳадафҳои миллии давлат онро ҳамоҳанг созад. Мо бояд талафоти барқро дар қиёс бо солҳои пешин камтар кунем. Воқиф будани Эмомалӣ Раҳмон аз асрори кишоварзӣ ва дигар масоили заминдорӣ бахши ин соҳаи басо муфид ба ҷомеаро имкон дод, ки дар замони Истиқлолият эҳё гардида дигарбора таҷдиди назар барои баррасиҳои сатҳи давлатӣ шаванд. Истифодаи заминҳои лалмикор ва зиёд намудани майдони боғдорӣ аз ҳисоби онҳо авзои соҳаро дигаргун намуда, дар рушди иқтисодии мамлакат нақши босазое гузоштааст. Алҳол аксар маҳсулоти хӯрокворӣ, ки қаблан бо маблағҳои гӯшношунид аз хориҷи мамлакат ворид шуда, гузашта аз он, ҳуқуқи истеъмолкунандагонро рӯирост поймол менамуданд, воридоти онҳо кам гардидааст, чунки истеҳсол ё худ коркард шудани ин навъи маҳсулот дар дохили кишвар ба роҳ монда шудааст. Масалан, айни замон дар ҷумҳурӣ чандин корхонаҳои мурғпарварӣ фаъолият карда, бозори дохилиро бо гӯшти мурғ ва тухм таъмин мекунанд ва ҳоҷат намемонад, ки ин навъи маҳсулот аз хориҷ ворид карда шавад. Ҷоиз медонем тазаккур диҳем, ки нақши Эмомалӣ Раҳмон чун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 30 соли истиқлол нотакрор буда, донишҳо ва таҷрибаи андӯхтааш ба ӯ имкон доданд, ки ҷумҳурии дар хун оғӯштаро ба давлати рушдкунанда мубаддал созад. Бояд гуфт, ки истифода аз захираҳои табиии мавҷудбуда имкон медиҳад, ки саноатикунонии босуръат амалан татбиқ шавад ва тавассути саноат дар бозори ҷаҳонӣ мо худро муаррифӣ кунем. Ин он маъно дорад, ки сиёсати саноатикунонии давлат 100 дар 100 тағйир ёфта, “таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвияти истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид намудани технологияҳои нав, истифодаи ҳарчи бештари манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он ва истифодаи васеи захираҳои меҳнатӣ равона карда шуд”. Эмомалӣ Раҳмон баробари таъин шуданаш ба мақоми Раиси Шӯрои Олӣ тарҳи бозоварии фирориёнро рехта, барои татбиқ намудани чунин нақшаи стратегӣ пардохт. Аммо он замон ҳеҷ кас пай намебурд, ки сулҳи тоҷикон аз дастовардҳои камназир буда, дигар кишварҳо низ барои роҳандозӣ шудани ниёзҳои хеш онро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд. Созишномаи истиқрори сулҳ ҳуҷҷати таърихист, ки барои рушди минбаъдаи кишвар мусоидат намуд. Дар таърих роҳбарони сулҳхоҳ ангуштшуморанд, лекин дар маъхазҳо онҳо васф мешаванд. Масалан, дар “Шоҳнома”-и ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ дар достони “Дувоздаҳ рух” Пиррони Виса чун сипаҳсолори сулҳхоҳ тараннум шуда, вожаи “баҳамовар” бамаврид инъикос ёфтааст. Иқдоми наҷибонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамон баҳамоварӣ буд, ки давлатро аз нестшавӣ наҷот бахшид ва парокандагии миллиро ҷилавгирӣ намуд. Дар дохили кишвар теъдоди муайяни олимон ваҳдати тоҷиконро муҳаққиқ шудаанд ва саҳми Эмомалӣ Раҳмонро дар татбиқи Ваҳдати миллӣ камназир донистаанд. Масъалаи асосии самти маориф ва илмро бистсолаи омӯзиши илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ ном ниҳодан фақат он маъноро надорад, ки озмунҳо барпо шаванд ва сатҳи донишандӯзии ҷавонон бознигарӣ шавад. Ё худ тавассути озмунҳо наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқ ҷалб карда шаванд. Дар сатҳи олӣ баррасӣ ёфтани омӯзиши илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ояндаи кишвари мо бидуни рушди ин фанҳо номумкин аст ва аз ҳамин ҷиҳат солҳои 2020-2040 бистсолаи омӯзиши илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ номида шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии худ татбиқ намудани озмуни навро таҳти унвони “Илм фурӯғи маърифат” мутазаккир шуд, ки аз таваҷҷуҳи роҳбари давлат нисбат ба маориф ва илм гувоҳӣ медиҳад.Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Хирадмандон» — и ҲХДТ дар АМИТ