Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Ба истифода додани бинои 9-ошёна дар шаҳри КӯлобДар маҳаллаи 15-уми шаҳри Кӯлоб — HHDT

Ба истифода додани бинои 9-ошёна дар шаҳри КӯлобДар маҳаллаи 15-уми шаҳри Кӯлоб

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои истиқоматии 9-ошёнаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои мазкур барои хизматчиёни давлатӣ пешбинӣ гардида, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ бунёд гардидааст. Лоиҳаи иншоотро Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи “Шаҳрофар” таҳия намудааст.Иншооти нуҳошёнаи истиқоматӣ дорои 36 ҳуҷра буда, аз хонаҳои ду ва сеҳуҷрадор иборат мебошад. Аз ҷумла, 18 манзил дорои ду ва 18 хонаи дигар дорои се ҳуҷра мебошанд. Дар маҷмӯъ масоҳати умумии ҳуҷраҳо 3 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.Бо дастури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми хонаҳои истиқоматӣ бо ҷиҳози рӯзгор, аз қабили яхдон, телевизор, қолин ва дигар лавозимот таъмин буда, барои онҳое, ки соҳиби хона гардиданд, тамоми имконоти зарурӣ фароҳам оварда шудааст.Тамоми ҳуҷраҳо бо оби гарму хунук таъмин буда, ҳамчунин иншоот бо хати мустақили гармидиҳӣ таъмин мебошад.Корҳои ободонӣ дар гирду атрофи иншоот сомон ёфта, барои сайру гашт ва фароғати истиқоматкунандагон имконоти зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, барои кӯдакон майдончаи алоҳидаи бозӣ бо дастгоҳҳои дилхушӣ сохта шуда, дар атрофи бино нишастгоҳҳо насб гардидааст. Намои берунаи иншоот бо санъати баланди меъморӣ оро ёфтааст.Бинои истиқоматӣ дар шаҳри Кӯлоб дар доираи тантанаҳои 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматчиёни давлатӣ маҳсуб меёбад, зеро ба ин васила мушкилоти боз 36 оилаи дигар ҳал гардид.Зимни боздид хизматчиёни давлатӣ ба Сарвари ғамхору меҳрубони худ барои таваҷҷуҳи доимиашон нисбат ба ҳаёту зиндагии онҳо изҳори миннатдорӣ карда, иброз доштанд, ки ин ташаббус масъулияти онҳоро дар самти иҷрои вазифаҳояшон боз ҳам зиёд менамояд.Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нафаронеро, ки соҳиби манзилҳои истиқоматӣ гаштанд, таҳният гуфта, онҳоро ба хизмати софдилона ва тарбияи дурусти фарзандон ҳидоят карданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028