Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Тақдими туҳфа ба ятимон ва супоридани калиди хона ба хизматчиёни ҳарбӣ дар шаҳри Кӯлоб — HHDT

Тақдими туҳфа ба ятимон ва супоридани калиди хона ба хизматчиёни ҳарбӣ дар шаҳри Кӯлоб

5 октябр дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави баландошёнаи истиқоматиро бо марказҳои хизматрасонӣ ва тиҷоратӣ мавриди истифода қарор дода, бо ятимон мулоқот карданд.Нахуст баъди ифтитоҳи бино Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хислатҳои накуи инсондӯстӣ ба се нафар, аз ҷумла як сарбози дар марзи Тоҷикистон ҷароҳатбардошта, як нафар корманди содиқи Вазорати корҳои дохилӣ ва ба шахси камбизоат калиди манзилҳои истиқоматиро тақдим намуданд.Дар ошёнаи якуми бинои нави истиқоматӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи наку бо ятимон мулоқоти самимӣ доир карданд.Ин навбат 43 нафар кудакону наврасони шаҳри Кӯлоб, ки бо амри тақдир аз навозиши падару модар маҳрум шудаву зери ғамхории ҳамешагии Пешвои халқпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, аз ҳадяҳои арзишманд баҳравар шуданд.Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни солгарди соҳибистиқлолии Ватанро ба ин насли сазовори кишвар таҳният гуфта, ба онҳо хушрузгорӣ, хониши аъло ва садоқат ба давлату миллатро орзу карданд.Таъкид шуд, ки Ҳукумати кишвар ҳамеша тарбияи насли наврас ва ниёзмандонро дар мадди назари худ қарор дода, то ба ҳаёти мустақил гусел кардан, нигоҳубин менамояд. Барои зисту таҳсили онҳо, илму касбомӯзиашон тамоми шароити мусоидро фароҳам меорад.Таваҷҷуҳ ба беҳдошти сатҳи зиндагии хизматчиёни ҳарбӣ ва таъмини тамоми шароити хизмати онҳо ҳамеша дар мадди назари Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳамин аст, ки Сарвари давлат барои хизматчиён ва оилаҳои онҳо манзилҳои истиқоматӣ тақдим карда, барои фарзандони содиқ ва муҳофизони шуҷоъ беҳтарин имкониятҳоро муҳайё месозанд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028