Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
ТАҚДИМИ ИФТИХОРНОМА ВА СИПОСНОМАИ ҲХДТ БА ОМЎЗГОРОНИ КИШВАР — HHDT

ТАҚДИМИ ИФТИХОРНОМА ВА СИПОСНОМАИ ҲХДТ БА ОМЎЗГОРОНИ КИШВАР

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф эътибори ҷиддӣ дода, ислоҳотро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бомаром идома медиҳад ва мушкилоти мавҷударо давра ба давра бартараф месозад. Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, нерўи зеҳнии қишрҳои фаъоли ҷомеа, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соҳаҳои илму маориф маҳсуб мегардад. Дар доираи таҷлил гардидани Рўзи омўзгор ва Рӯзи забони тоҷикӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 65-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Мақоми забон ва омӯзгор дар даврони соҳибистиқлолии кишвар» баргузор гардид. Дар кори конфронс муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷонзода Олимҷон Обидҷон, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғанизода Гулчеҳра Самӣ, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром, мудирони шуъбаҳои маориф, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва собиқадорони соҳа иштирок намуданд. Баъд аз қироати маърўзаҳои илмӣ аз ҷониби муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ба як қатор омўзгорони фаъол барои иштироки фаъолона дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҳизб, саҳмгузорӣ дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ, тақвияти эҳсоси худогоҳию хештаншиносӣ, густариши маърифату фарҳанг ва ҷалби мардум ба корҳои созандагию ободонӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ифтихорнома ва Сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва туҳфаи хотиравӣ тақдим карда шуд. Мавриди тазаккур аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гуруҳи калони омўзгоронро ба муносибати иди касбиашон аз ҳамаи вилоят ва минтақаҳои кишвар бо Ифтихорнома ва Сипосномаю туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ намуд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028