
5-уми октябр бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мактаби байналмилалии президентӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Забон – ҳастии миллат” баргузор гардид.
Дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АМИТ ва Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд.
Масъулин дар мавзӯъҳои “Нақши Пешвои миллат дар пойдории забони давлатӣ”, “Забони миллат – бақои миллат”, “Ҷойгоҳи адабиёт дар рушди забони давлатӣ” ва “Шарҳу тавзеҳи Қоидаҳои имлои нави забони тоҷикӣ” маърӯзаҳои ҷолиби илмӣ карданд.
Гуфта шуд, ки забон ба унвони муҳимтарин воситаи омӯзиши таърих, тамаддун ва фарҳанги миллат дар инъикоси воқеияти ҳаёти ҷомеа нақши равшан дошта, барои ташаккулу инкишоф ва ба пояи забони расмию давлатӣ баромадани он гузаштагонамон кӯшиши зиёд ба харҷ додаанд.
Масъулин таъкид карданд, ки бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи нав ба омӯзиш ва таҳқиқи таърихи забон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, он ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста пайдо кард.
Интишори китоби «Забони миллат – ҳастии миллат»-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки сайри таърихии забони тоҷикиро аз замони қадим то имрӯз дарбар гирифтааст, бори дигар собит сохт, ки давлату Ҳукумат нисбат ба тақдири забони давлатӣ таваҷҷуҳи хоса дошта, барои такомули минбаъдаи он тадбирҳои саривақтӣ ва зарурӣ меандешанд. Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор фаъолони ҳизб ифтихорнома ва сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.
