Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Эмомалӣ Раҳмон: Забон ганҷи бебаҳои мероси фарҳангӣ ва аз ҷумлаи олитарин муқаддасоти миллии мо ба шумор меравад — HHDT

Эмомалӣ Раҳмон: Забон ганҷи бебаҳои мероси фарҳангӣ ва аз ҷумлаи олитарин муқаддасоти миллии мо ба шумор меравад

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола дар мамлакат 5 октябр таҷлил мегардад, таъкид намуданд, ки забони тоҷикӣ ифодагари арзишҳои маънавӣ ва ойинаи ибратбахши рӯзгори мо, тоҷикон аст.

Аз ин рӯ, Сарвари давлат тазаккур доданд, ки мо забони модарии худро дӯст медорем, ба он эҳтирому арҷи бепоён мегузорем, зеро забон ганҷи бебаҳои мероси фарҳангӣ ва аз ҷумлаи олитарин муқаддасоти миллии мо ба шумор меравад.

Донистани якчанд забон, ки аз анъанаҳои деринаи гузаштагони бузургамон манша мегирад, ба таъкиди Пешвои миллат, имрӯз ҳама қишрҳои ҷомеа, махсусан, насли наврасу ҷавонро водор месозад, ки дар баробари аъло донистани забони давлатии худ, яъне тоҷикӣ, донандаи хуби дигар забонҳо низ бошанд.

Дар робита ба ин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тазаккур доданд, ки «борҳо таъкид кардаам, ки забономӯзӣ бояд дар доира ва заминаи забони тоҷикӣ, яъне бар пояи меъёрҳои забони модарӣ ва риояи хусусиятҳои он ҷараён гирад.

Ман қариб дар ҳамаи суханрониву вохӯриҳои худ таъкид месозам, ки бузургтарин вазифаи ҳар фарди худогоҳи кишвар нигаҳдориву арҷгузорӣ ба ин мероси гаронбаҳо ва ба наслҳои оянда поку беолоиш расонидани забони ширину шево ва забони шеъру адаби оламшумули тоҷикӣ мебошад».

Бинобар ин, Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мо бояд дар ёд дошта бошем, ки сарчашма ва пойдевори худогоҳиву худшиносӣ забони модарӣ аст ва маҳз забони миллӣ тафаккури миллиро ташаккул медиҳад.

Яъне забони модарӣ, ба гуфтаи Пешвои миллат, барои мо – тоҷикон асоси ҳувияту худшиносии миллиамон мебошад.

«Аз ин рӯ, вазифаи муқаддаси мо – насли имрӯза дар он зоҳир мегардад, ки барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ кӯшиш намоем, забондонии хешро пайваста сайқал диҳем ва онро чун гавҳараки чашм пос дорем», — аз шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал оварданд Президенти Тоҷикистон.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028