Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Ифтитоҳи корхонаи муштараки шарбатбарории ҶДММ “Тоҷвайн” дар деҳаи Шаҳринави деҳоти Деҳибаланди ноҳияи Муъминобод — HHDT

Ифтитоҳи корхонаи муштараки шарбатбарории ҶДММ “Тоҷвайн” дар деҳаи Шаҳринави деҳоти Деҳибаланди ноҳияи Муъминобод

4 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи муштараки шарбатбарориро, ки дар деҳаи Шаҳринави деҳоти Деҳибаланди ноҳияи Муъминобод ҷойгир мебошад, мавриди истифода қарор доданд.Корхонаи мазкур аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷвайн” дар масоҳати 3,5 гектар бунёд гардида, бо технологияи муосири истеҳсолӣ муҷаҳҳаз мебошад.Хатти технологии корхонаи муштараки шарбатбарорӣ аз Италия дастрас гардида, маҳсулоти истеҳсолгардидаи он дорои сифати баланд ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст.Дар ҳудуди корхонаи мазкур як бинои барҳавои истеҳсолӣ, биноҳои маъмурӣ ва анборҳои нигоҳдории ашёи хом бунёд гардида, роҳҳои дохили он мумфарш карда шудааст.Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 150 нафар сохтмончиён ба кор ҷалб гардидаанд.Иқтидори истеҳсолии Корхонаи муштараки шарбатбарорӣ дар як соат коркарди зиёда аз 10 тонна ангур буда, оянда ин нишондод бо дарназардошти имконоти мавҷуда зиёд карда мешавад.Корхонаи муштараки шарбатбарорӣ аз се коргоҳи асосӣ, коркарди ангур, шӯстушӯи зарфҳо ва рехтани шарбат ба зарфҳо иборат аст.Дар корхонаи мазкур 40 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, бо кори мавсимӣ зиёда аз 100 нафар ҷалб карда мешавад.Дар корхонаи муштараки шарбатбарорӣ аз ангури шаҳдбори мамлакат, ки аз лиҳози экологӣ тоза аст, 5 номгӯи шарбат истеҳсол карда мешавад.Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз фаъолияти хатти нави технологӣ дар корхонаи мазкур ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ ба соҳибкорон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ изҳори миннатдорӣ карданд.Имконоти дастрасии корхонаи шарбатбарорӣ бо ашёи хом баробари барқарорсозии майдони токзори нав бештар гардид.Ҳамчунин масъулони корхонаи мазкур тибқи шартномаҳои ҳамкорӣ ангурро аз хоҷагиҳои токпарварии мамлакат низ дастрас менамоянд.Бо бунёду барқарорсозии токзори нав, ки майдони парвариши он тадриҷан васеъ мегардад, иқтидори истеҳсолӣ дар корхонаи муштараки шарбатбарорӣ бештар хоҳад шуд.Дар саҳн ва атрофи корхонаи муштараки шарбатбарорӣ бо истифода аз шароити мусоид дар майдони 0,40 гектар боғи гелос ва дар 1 гектар боғи сиёҳолӯ бунёд карда шудааст.Мавриди зикр аст, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи босамари ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар соҳибкорон дар бунёди корхонаҳои нави саноатӣ фаъолона саҳм мегузоранд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028