
4 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун, мулоқот бо сокинону фаъолон ва иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ноҳияи Муъминобод ташриф оварданд.Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Рахмонро дар ноҳияи Муъминобод сокинони меҳмоннавоз самимона истиқбол гирифтанд.