Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Ифтитоҳи корхонаи дӯзандагӣ ва адрасбофӣ дар деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ — HHDT

Ифтитоҳи корхонаи дӯзандагӣ ва адрасбофӣ дар деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ

4 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Меҳнатободи деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ корхонаи дӯзандагӣ ва адрасбофиро ифтитоҳ карданд.Иншооти замонавӣ дар доираи амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат бо мақсади таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди иқтисодиёт ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпази содиротии ивазкунандаи воридот аз тарафи соҳибкор Дилшод Асроров сохта шудааст. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси соҳибкорони маҳаллиро барои ҳарчи бештар ба шуғли доимӣ фаро гирифтани коргарону мутахассисон ва дар ин замина беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карданд.Бино аз 4 ошёна иборат буда, дар он маркази савдо, корхонаи дӯзандагию бофандагӣ, ошхона ва меҳмонхона ҷойгир мебошад.Барои истеҳсоли адрас таҷҳизоти муосир насб гардида, сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин карда шуданд. Маҳсулот бо ба инобат гирифтани талаботи бозори дохилӣ ва хориҷӣ истеҳсол шуда, дорои сифати баланд мебошад.Сокинони деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ метавонанд пурра аз хизматрасонии сатҳи баланди корхонаи дӯзандагӣ истифода намоянд.Дар иншооти бунёдшуда 150 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шуданд.Бунёди иншооти замонавӣ дар доираи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соҳибкории хурду миёна сурат гирифта, афзоши истеҳсоли маҳсулот ва рушди иқтисодиро таъмин мекунад.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028